Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик
Ҳамдиёрони азиз!
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони соҳибистиклолии кишвар, ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт махкум намуда, ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, Истиклолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон даъват менамояд.
Воқеан истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки тамоми наслҳои миллати бонуфузи тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин ҳадяи зебои тақдири инсонӣ танҳо насиби насли кунунии тоҷикон гардида, боиси шарафу ифтихори бузурги ҳамаи мост.
Албатта, 24 — соли истиқлолият дар қиёси таърихи чандинҳазорсолаи давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу кӯшишҳои истиқлолхоҳии миллатамон фурсати калоне нест. Вале муҳимаш он аст, ки даврони истиқлолият нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми кишварро ба зуҳур оварда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии тоҷикону тоҷикистониёнро таҳким бахшид. Агар фаъолияти бистучорсолаи давлатдориамонро таҳлил намоем, он барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ буда, моро таҳти сарварии Пешвои миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо решаҳои тавонои чандинҳазорсолаи давлатдориамон пайваст намуд.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Соҳиби давлату Ватани худ будан, дар чаҳорчӯбаи қонуниятҳои озодӣ, ободӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, эҷод ва дигар шартҳои умумибашарӣ умр ба сар будан, ҳама самараҳои боғи истиқлолиятанд, ки дар тӯли 24 соли охир насиби тамоми тоҷикистониён гардидаанд.
Вале як нуқтаро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз байни обу оташи шадиди айём гузар карда, бо худшиносиву матонати миллиаш худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит сохт, ки соҳиби гузаштаи пурифтихор, таърихи тулонӣ ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.
Ҳадаф аз ёдрас намудани дастовардҳои даврони истиқлолият ин сабақ гирифтан аз таърихи пурфоҷиаи миллат, ба қадри давлати милливу истиқлолияти он расидан, якпорчагии мамлакат ва ваҳдати бо нархи ҳазорон ҷон харидаи миллӣ ва аз дастдарозии ҳамагуна бадхоҳони миллат ҳифз кардани ин дастовардҳои беназир мебошад. Маҳз ин хулосабарорӣ ба мо имконият бахшид, ки дар дунё Парчами миллии хешро аз ҳама болотар барафрозем ва ҳамагон бояд ба қадри он бирасем. Зеро:
Ҳар чӣ дар олам харобӣ рух диҳад,
Чун бубинӣ аз нифоқ аст, аз нифоқ.
В-он чӣ таъмири харобиҳо кунад,
Дар ҳақиқат иттифоқ аст, иттифоқ.
Дар ин замина Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки тақдири имрӯзу ояндаи миллат барояш бегона нест, миллионҳо ҷавонони матиниродаву содиқро дар зери як шиор: «Зинда бош, эй Ватан, Точикистони озоди ман» пайваста муттахид сохта, бо шунидани хабари хиёнаткорона ва разили Абдуҳалим Назарзода ва ба ҳалокат расидани гурдони далеру ҷасур, ки дар роҳи таъмини амнияти ормонҳои миллӣ фидо гаштанд, тамоми ҷавонон ба муттаҳид шудан ва бетарафу тамошобин набудан даъват менамояд.
Ватан фарзандони қаҳрамон ва шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Номи онҳо ҳамеша зиннатбахши дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқамон мебошад.
Ҳамзамон, Ватан хоинон, буздилон ва ноҷавонмардони хешро низ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Онҳо дар саҳифаҳои сиёҳи таърихи миллат ҳамчун доғи нопок бо мазаммат, бо ҳазорон лаъну нафрин ном бурда мешаванд, ки наслҳои ояндаи Ватан аз ин нопокӣ ҳазар бикунанд.
Мо ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки Пешвои миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем.
Зинда бош, эй Ватан Тоҷикистони озоди ман!








Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид






