Кӯкнор-2015 зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли бангро нобуд кард

Сентябрь 28, 2015 09:39

Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи амалиёти Кӯкнор-2015 дар вилояти Суғд зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳоли банги худрӯй нобуд карда шуд.
Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи марҳилаи дуюми амалиёти Кӯкнор-2015 дар канори роҳи  ҷамоати деҳоти Ғозиёни  ноҳияи Б. Ғафуров  11 ҳазору 543 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.
Дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

 

Сентябрь 28, 2015 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш