Кӯмаки навбатӣ ба осебдидагони офати табиии вилояти Бадахшон

Сентябрь 3, 2015 09:11

Шуғнон 03. 09. 2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан). — Бахши вилоятии Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон ба 43 хонаводаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки алъон дар шаҳрчаи хаймавӣ  иқомат доранд, маводи ғизоӣ кӯмак кард.
Раҳбари ҷамъияти мазкур  Тоҷиниссо Мамадинова гуфт, ки аз рӯзи аввали офат мо ҳафтае як маротиба аз ҳоли осебдидагон хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои равониву моддӣ мерасонем.
— Бо кӯмаки аъзоени ҷамъият барои кӯдакони шаҳрча либосҳои зимистона ҷамъ намуда, дар ҳафтаи оянда ба онҳо тақдим менамоем. Барои хонандагони мактаби ибтидоӣ се хайма муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми таълимӣ таъсис дода шудааст, ки толибилмон дар он дарс мехонанд, афзуд ӯ.

Сентябрь 3, 2015 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад