М. Иброҳимзода: «Ифтихор дорам, ки аз шаҷараи Мир Сайид Алии Ҳамадониам»
/Ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ/
Соли равон мардуми тоҷик 700-солагии мутафаккири бузург, ориф ва шоири тавонои машриқзамин -Мир Сайид Алии Ҳамадониро (1314-1386) таҷлил менамоянд. Зимни суҳбат бо як донишманди шинохтаи кишвар воқиф гардидем, ки алҳол дар Ҳинд, Эрон ва Тоҷикистон шахсиятҳое умр ба сар мебаранд, ки шаҷараашон ба авлоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мерасад. Яке аз онҳо табиби мардумӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадрасули Иброҳимзода аст. Мавсуф дар шаҳри Ваҳдат кору зиндагӣ намуда, солҳост, доир ба ҳаёт ва фаъолияти бобояш -ориф, табиби машҳур ва олими тавоно Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳи Сурхиёнӣ, мавод гирд оварда, тадқиқоти илмӣ низ анҷом додааст:
«Ховар»: Муҳтарам, Муҳаммадрасули Иброҳимзода, то андозае огоҳ гардидем авлоди шумо ба шаҷараи мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пайванд доштааст, инро чӣ гуна метавон исбот кард?
Иброҳимзода: Бояд тазаккур диҳам, ки дар шаҷаранома ва насабномаи бобои модариам -Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ (1857-1939) ибни Муҳаммадшариф ибни Абдураҳим ибни Мир Саъдоншоҳ ибни Шоҳабдулҳусайн, ки бо тахаллуси Домуллои Сурхиён маъмул аст, бо муҳр тасдиқ шудааст, ки дувоздаҳумин пушти Муҳаммадсолеҳ ба Амир Шоҳи Мард (Ҳусайн) (728-806 ҳиҷрӣ) ва фарзанди ӯ Амир Оли Ҳасан (Баҳодур) зодагони шаҳрҳои Симнону Ҳамадони Эрон мепайвандад. Яъне аз шаҷараи силсилаи авлоди Мир Сайид Алии Ҳамадонианд. Нусхаи аслии насабномаи шаҷараамон алҳол дар дасти Махдуми Абдумалик, фарзанди Махдуми Абдулҳақ (1910-1997) дар деҳаи Даштибед маҳфуз аст. Сарчашмаи дигаре, ки ҳақиқати насабномаи моро тасдиқ мекунад, китоби олим ва муҳаққиқ, доктор Муҳаммад Риёз -устоди риштаи иқболшиносии Донишгоҳи Озоди аллома Иқболи Покистон «Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» Душанбе, «Ирфон» -1995 мебошад.
«Ховар»: Яъне, бобои модариатон аз авлоди шоир ва ориф Мир Сайид Алии Ҳамадонист?
Иброҳимзода: Бале, оид ба олиму орифи бузург будани Ҳазрати Мавлавӣ (бобоям) ҳафт ҳуҷҷат (хати иршод) дар бораи дастхату китобҳои нодири илмию дарсии он мавҷуд аст. Бобои модариам нахуст маълумоти ибтидоиро то синни 10-солагӣ дар назди падараш Домулло Муҳаммадшариф (1822-1898) дар деҳаи Ниҳолдара /Ромит/ гирифта, баъдан озими Кӯлоб гардида, оромгоҳи бобокалонаш -Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат менамояд. Муддате дар деҳаи Тевалайи назди шаҳри Кӯлоб илм меомӯзад. Соли 1874 дар синни 17-солагӣ ба Афғонистон рафта, то соли 1878 дар мадрасаҳои Ҳирот, Қандаҳор ва Кобул таҳсил мекунад. Баъдан соли 1878 ба Ҳиндустон меравад ва дар мадрасаҳои Деҳлӣ забонҳои арабию, ҳиндӣ ва урдуро аз худ менамояд. Баъди ду соли таҳсил дар Деҳлӣ ба Бамбай рафта, дар ин шаҳр дар тӯли 7 сол то соли 1887 илмҳои динию дунявиро аз худ намуда, яке аз олимони бузурги соҳаи тиб мегардад. Дар ин солҳо, ки Ҳиндустон мустамликаи англисҳо буд, бо ташаббуси Сафорати Англия як гурӯҳи 22 -нафара ба Лондон сафар менамоянд, ки дар миёни онҳо Ҳазрати Мавлавӣ низ буд. Баъди сафари аҷоибу ғароибе, ки ба Британияи Кабир сурат гирифт, моҳи июли соли 1887 ба Бамбай бармегардад. Аз Бамбай ба Кашмир рафта, шогирди Шамсулло Мир Ҳасан донишманди машҳури он замон, ки ба дараҷаи олии «Абдол» яъне авлиё расида буд, мегардад. Мавлавӣ дар назди устодаш илми суфияро аз бар менамояд. Соли 1888 ба Кобул омада, то соли 1900 дар мадрасаҳои ин шаҳр таълим мегирад.Ва баъди 27 соли сафар ва таҳсил дар мадрасаҳои Ҳинду Афғонистон ба дараҷаи унвони олии «Мавлавӣ» расида, ба зодгоҳаш деҳаи Ниҳолдара бармегардад.
«Ховар»:Соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО 700-солагии мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил мегарадад. Шумо аз ин сана чӣ гуна истиқбол менамоед?
Иброҳимзода: Мардуми тоҷик аз қадимулайём дар саҳифаи таърих миллати фарҳангдӯст ва тамаддунофар зикр шудааст. Садҳо нобиғаҳои бузург, шахсиятҳои шинохтаи олами илму адаби тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштаанд. Маҳз бо шарофати соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъю талош ва иқдоми наҷибонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар эҳёи фарҳанг ва осори ниёгони худ ба дастовардҳо ноил гардиданд. Гиромидошт ва таҷлили ҷашнҳои саромадони бузурги адабиёти форсу тоҷик аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳанги миллӣ, гиромӣ доштани хотираи шахсиятҳои барӯманди миллат ва ба насли замони муосир пешкаш намудани осори безаволи шоирону мутафаккирон ва дигар шахсиятҳои барҷаста иқдоми наҷибонаро амалӣ мегардонад. Миллати тоҷик бо саромадони бузурги насру назм- Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Абӯали ибни Сино, Бедил, Мавлонои Балхӣ ва боз садҳо шахсиятҳои бузург, дар ташаккули адабиёти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дошта, яке аз поягузорони тамаддуни ҷаҳонӣ аст. Дар гузашта ва имрӯз ҷаҳони Ғарб аз ниёгони мо меомӯзад. Китоби Мавлоно Балхӣ дар Амрико Китоби сол эълон гардид, асарҳои Муҳаммад Ғаззолиро дар мактабҳои ибтидоию динии Амрико мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор додаанд. Дар ин росто таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз иқдомоти наҷибонаи роҳбарияти олии Тоҷикистон аст, зеро шоир ва мутафаккири бузурги машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзишманд дорад. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои амиқтар омӯхтани аҳволу осори мутафаккири бузург аҳамияти бузург дорад. Бо омӯхтани афкору андешаҳои шоир ва орифи бузург мо бештар ба ҷиҳатҳои башардӯстӣ, инсондӯстӣ ва ахлоқии осори шоир таваҷҷӯҳ намуда, беҳтарин андешаҳои инсондӯстии ӯро ба мардум мерасонем. Андешаҳои олими бузург саршор аз афкори мардумсолорӣ, покизагии ахлоқ ва ташаккули шахсият ва дигар фазилатҳои неки инсонист, ки он барои тарбияи ахлоқии насли замони муосир муҳим аст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи миллӣ ва фарҳангию ирфонист. Ӯ шахсияти бузургест, ки дар баробари мубаллиғи ислом ва забони форсӣ- тоҷикӣ буданаш, инчунин тарғибгари ҳунару тамаддуни тоҷикон, бахусус ҳунари шолбофию кандакорӣ дар қаламрави Кашмир буд. Яъне, бо шарофати расидани қадами Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Кашмир дар ин ҷо ҳунарҳо рушд ёфтанд.
«Ховар»: То ҷое мусаллам аст шумо ба ҳайси табиби халқӣ фаъолият мекунед. Аз кай ба ин касб машғул ҳастед?
«Иброҳимзода»: Аз соли 2000 инҷониб бо мадади Маъбуди Барҳақ ва шарофати рӯҳи пок ва дар асоси дастуру дастхатҳои тиббии бобоям -Ҳазрати Мавлавӣ, беморонеро, ки ба амрози гуногун гирифторанд, табобат менамоям. Баъдан ба муолиҷаи бемориҳои узвҳои дохилӣ, асаб ва безурётӣ пардохтам. Дар ибтидо барои таҷриба дар асоси гуфтаҳои бобоям барои бемориҳои пӯст аз давоҳои маъданӣ, наботот ва чорво дорую даво дар шакли маҳлул, хока, малҳам, қавом тайёр намудам. Модарам нақл мекарданд, ки бобоям Ҳазрати Мавлавӣ, ки бемориҳои гуногунро табобат менамуданд, дар зарфи 27 соли сафарашон ба Афғонистону Ҳиндустон ва Британияи Кабир ба ҷои сарват дар 12 сандуқ танҳо китоб овардааст. Бисёре аз ин китобҳо аз тарси аттеистони замон барҳам хӯрдаанд. Аз мутолиаи ин китобҳо дар дилам шавқ пайдо шуд ва илми тибро аз худ намудам. Китобҳое, ки ба ҳаёти бобоям бахшидаам, инҳо «Офтоби паси абрҳо», «Панди авлиё», «Гулчин аз тибби Мавлавӣ», «Моҷарои ишқи духтари курд», «Аз Ромит то Бухорою Дарвоз» ва «Васияти пеш аз марг» мебошанд. «Гулчин аз тибби Мавло ба сад дардҳо даво» бо тағйирот дар асоси китоби «Гулчин аз тибби Мавлавӣ» навишта шудааст.
«Ховар»:Беморонро бо кадом роҳҳо табобат мекунед?
Иброҳимзода: Бо гиёҳҳои шифобахш, хокаи маъдан ва обҳо. Гиёҳҳоро аслан аз кӯҳҳои кишварамон дастрас менамоям, зеро Тоҷикистон худ дорухонаи табиат аст.
«Ховар»: Бештар кадом табақаҳои ҷомеа ба шумо муроҷиат мекунанд?
«Иброҳимзода»:Тамоми қишрҳои ҷомеа аз мардуми оддӣ то амалдорон. Дар деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат як маркази хурд ифтитоҳ кардаам, ки беморонро рӯзҳои шанбе, якшанбе ва чоршанбе қабул менамоям.
«Ховар»: Солимии ҷомеаро дар чӣ мебинед?
Иброҳизода: Солимии ҷомеаро пеш аз ҳама дар маърифати шаҳрвандон мебинам. Бояд маърифати рӯзгордорӣ, тозагӣ ва маърифати тиббии мардумро баланд бардорем, зеро дар баъзе ҳолатҳо мардум ҳангоми беморӣ ба кӣ муроҷиат карданро намедонанд. Баъдан мераванд назди фолбину ҷодугар ва ба ном муллоҳое, ки ғайри фиребгарӣ дигар коре анҷом дода наметавонанд. Инчунин бояд касбияти табибонро дар муассисаҳои тиббӣ баланд бардошт. Зеро дар бархе мавридҳо хусусияти пайдоиши беморӣ, миҷози беморӣ ва дигар омилҳо ба инобат гирифта намешаванд.
«Ховар»: Ҳаққи хизмататон чи гуна аст?
«Иброҳимзода»: Муштариён мувофиқи имконияташон ҳаққи хизматро пардохт менамоянд. Ман бештар тавсия медиҳам то доруҳоро аз дорухонаҳо рафта харидорӣ намоянд.
«Ховар»: Таманнои Шумо ба мардуми кишвар?
Иброҳимзода: Осмони соф, сулҳу осоиш, тандурустӣ ва меҳнату баракат беҳтарин сарват аст барои миллати тоҷик. Таманно дорам, ки мардуми кишварамон фарҳангдӯсту маърифатпарвар, солиму тандуруст ва осудахотир бошанд, зеро илми тиб собит сохтааст, ки аксари бемориҳо аз асабонияти шадид, хотирҷамъ набудани инсонҳо зуҳур менамоянд. Инчунин на танҳо аз гузаштагони худ ифтихор намоем, балки насле ба камол расонем, ки солиму шуҷоъ ва содиқ бошанд ба ин марзу бум, ояндагони ин миллату сарзамин аз онҳо ифтихор намоянд, обрӯи миллату сарзаминро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд ва Тоҷикистони азизро, ки хонаи умеди ҳар яки мост, рушд дода, дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор диҳем.
Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори «Ховар».