Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2015 13:13

Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, “Дар бораи боҷи гумрукӣ”, “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, “Дар бораи монополияҳои давлатӣ” ва ҳамчунин ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда  шуд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” ва “Дар бораи маориф” ирсол гардиданд.
Тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла ба муҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ”, Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба муташаккилона ва босифат анҷом додани рухсатдиҳии сарбозони муҳлати хизмати ҳарбияшон анҷомёфта ва даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 9-моҳаи хоҷагии халқи кишвар, омодагӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла масоили вобаста ба омодасозии иншооти таъминкунандаи барқу гармӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб супоришҳои мушаххас гузошт.
Дар ҷамъбасти маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин ва ҳамаи мардуми Тоҷикистонро бо арафаи иди Қурбон табрик гуфта, нафарони саховатпешаю савобҷӯйро ба кумакрасонӣ ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят намуд.

 

Сентябрь 23, 2015 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад