Мизи мудаввари Фондҳои арабӣ ва БИР дар Душанбе

Сентябрь 7, 2015 11:14

Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Робитаҳо ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба шиносшавии лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон,бунёди иншоотҳои ҷадиди энергетикӣ, раванди ҷалби сармоя ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва бузургиқтидор дар Ҷумҳурии Тоҷикитон , рушди соҳаҳои маориф , тандурустӣ , кишоварзӣ , обёрӣ , энергетикӣ , сайёҳӣ ва нақлиёт мавзӯи асосии баррасии мизи мудаввари Фондҳои арабӣ  ва Бонки исломии Рушд буд, ки  имрўз дар бинои меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намояндаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт , Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, КВД «Тоҷинвест», Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар  муаррифии самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ , баҳодиҳии лоиҳаҳои амалишаванда ва пешниҳодҳо оид ба татбиқи беҳтари онҳо , инчунин таҳкими муносибатҳои дўстона ва шарикӣ арзёбӣ гардид.

 

Сентябрь 7, 2015 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»