Мо ҷавонон — ҷонибдори сулҳу сиёсати имрўза ва маҳкумкунандаи вокунишҳои зиддимиллӣ ҳастем!
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Чуноне ки ба ҳама маълум аст, имрўз дар минтақаҳои гуногуни мамлакат баъзе гурўҳҳои экстремистии диние пайдо шудаанд, ки фаъолияташон дар байни мардум ба ҷудоиандозӣ мебарад.
Ин гурўҳҳо, яқинан, аз хориҷи кишвар идора мешаванд ва ҳадафи онон бар сари ҷомеа, алалхусус, бар сари ҷавонони мо таҳмил кардани ақидаҳои ботил мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Имрўзҳо ҳама медонанд, ки баъзе ашхоси ноҷавонмарди кишвар бо амалҳои террористии худ Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи моро дубора ба тарсу ваҳм афканданианд. Вокунишҳое, ки аввалҳои моҳи сенябр то дирўз давом карданд, аз кирдорҳои ҷиноятӣ ва хиёнаткоронаи нафароне, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ашхос бовар карда буд, ба вуқўъ пайвастанд. Ва ҳар яки мо ҷавонони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси ҳаттии ба номи А. Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷонибдори сулҳу субот, ободиву шукуфоӣ, озодиву озодандешӣ ҳастем, ҳамчун нафарони ватандўст худро бетараф намедонем ва кирдори чунин афроди ҷинояткорро маҳкум карда, онро ноҷавонмардона медонем.
Имрўзҳо даҳҳо модари тоҷик аз доғи фарзанд синареш ва даҳҳо кўдакон бепадар монданд, ки натиҷаи кирдори хиёнаткоронаи бадхоҳони Ватан мебошад. Мо ҷавонон ба хонаводаи ҷавонмардоне, ки барои Ватан-Модар содиқона хизмат кардаанд ва қурбонии ин ҳодисаи нангин гаштанд, изҳори ҳамдардӣ менамоем ва бовар дорем, ки ҷоннисориҳои онҳо бо ҳарфҳои заррин дар саҳфаи таърих навишта мешаванд.
Аламовараш ин аст, ки дар ин кор роҳбари як ҳизби сиёсии кишвар даст дошта ва онро роҳандозӣ мекардааст. Чунин нафарон шукронаи сулҳу ваҳдат ва осмони софи мамлакати азизро накарда, мехоҳанд осмони софи мо ғуборолуд бошад. Вале мо мушоҳида мекунем, ки дар ҳақиқат давлати пурқувват дорем ва бовар дорем, ки бо ҷасорату шуҷоатмандии ҳомиёни ватани мо дар ҳама ҳолат тири хиёнаткорон хок мехӯрад.
Шўрои олимони ҷавони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба кормандони мақомоти қудратии кишвар бинобар амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини вазири мудофиаи ҶТ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода изҳори ташаккур мекунад, ки барои таъмини ҳамешагии сулҳу субот ва оромӣ дар ватани азизамон ҷоннисориҳо карданд ва дар муддати кўтоҳ тавонистанд, ки душманони миллатамонро несту нобуд кунанд. Боиси ифтихор аст, ки имрўз мақомоти ҳифзи ҳуқуки кишвар бемамониат тавонистанд гурўҳҳои ҷиноии зидди давлату миллатро несту нобуд карда, пояи ваҳдатро дар кишвар устувор сохта, барои мардуми азизи кишвар зиндагии осоиштаро фароҳам намоянд.
Раиси Шўрои олимони
ҷавони АИ ҶТ Зиёев С.Н








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






