Мукофотҳои Сарвари давлат ва Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ 380 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қадршиносӣ карда шуданд. Cубҳи имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии мамлакат бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти ҶТ Қаҳҳоров Абдураҳим тантанаҳои идона баргузор гардиданд. Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон гуфт, ки «Истиқлолият барои тоҷикон беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодӣ ба шумор меравад. Саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои таҳкими истиқлолият назаррас буда, беш аз 2000 кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро ба хотири таҳкими амнияту оромии шаҳрвандон ва рафъи хатару таҳдидҳои душманони миллат аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд». Аз ҷумла хотираи онҳое, ки дар натиҷаи амалиёти террористии гурӯҳи ҷиноятпешаи ҳоҷӣ Ҳалим ҷони худро аз даст додаанд, ҷовидона ба ёдгор хоҳад монд.
Котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи Президенти мамлакат ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд. Аз ҷумла бо Фармони Сарвари давлат чор афсари ВКД бо медали «Ҷасорат» ва 11 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Тавре ки аз ВКД ҶТ иттилоъ дода шуд, бо фармони вазири корҳои дохилӣ як қатор кормандони мақомот барои хизмати софдилонаву содиқона, маҳорату малакаи баланди касбӣ дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишони сарисинагӣ, ифтихорнома, сипоснома ва маблағи пулӣ мукофотонида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






