Мукофотсупории Сарвари давлат ба далерону фидокорони Ватан
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар ҳудуди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён беш аз 120 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар амалиёти ҳарбии махсуси зидди гурӯҳи террористӣ аз худ ҷасорату маҳорат ва садоқати баланд нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ ва кумакҳои моддию маънавӣ қадр карда шуд.
Тавре дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ин нафарон «Барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷасорату фидокорӣ ҳангоми мубориза бо ҷинояткорӣ ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ» бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда мешаванд.
Пеш аз ҳама Рустам Амакиев, собиқ командири дастаи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ бо ордени Спитамен дараҷаи 1 ва рутбаи ҳарбии генерал-майор пас аз марг сазовор дониста шуд.
Бо ордени Спитамен дараҷаи 1 Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ва Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси КДАМ сарфароз гардонида шуданд.
Шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар шаҳрвандон бо ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат ва ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин ба аҳли оила ва наздикону пайвандони 14 кормандони мақомоти қудратӣ, ки ҳангоми амалиёт ҳалок шуда буданд, кумакҳои моддию маънавӣ расонида шуд.
Дар миёни бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшудагон 8 нафар сокинони дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ҳузур доштанд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷустуҷӯ ва нестунобуд кардани террористон мусоидати фаъол намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар аз номи худ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми низомиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар рафти амалиёти мазкур ҷасорату фидокорӣ ва матонату садоқат нишон доданд, арзи сипос намуда, ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони онҳое, ки дар рафти амалиёт ҷони худро фидо намуданд, изҳори тасаллияти ҳамдардӣ намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун аз он ки ин гурӯҳи басо хатарноки террористӣ дар муддати кӯтоҳ нестунобуд карда шуд изҳори қаноат намуда, ба сатҳи омодагии касбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳои баланд дод.
Изҳори бовар карда шуд, ки қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва ҳама воҳидҳои низомии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва оромию суботи ҷомеа омодагии қавӣ ва матонату шуҷоат нишон медиҳанд.
Маросими қадрдонии далерону фидокорон бо рафти гузашти низомӣ ба поён расид.
Дар гузашти низомии бошукӯҳ беш аз 5 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






