Муроҷиатномаи ҷамъиятҳои тоҷикони Санкт-Петербург ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2015 10:50

Ҳамватанони азизу гиромӣ, 

Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо тоҷикони  Шимолу Ғарби  Россия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград кору зиндагӣ дошта, чанд руз аст тариқи васоити ахбори умум аз ҳодисоти дар Ватан рухдода вобаста ба ҷинояти Абдуҳалим Назарзода ва шарикони ӯ зиёд  андуҳгин буда, хостори он ҳастем, ки ҳарчи зудтар ин амалиёти хоинона қатъ гардад ва дар арафаи ду иди гиромидошт — 24 солагии Истиклолияти давлатӣ ва Иди Қурбон  халқу Ватан онҳоро орому осуда ҷашн бигиранд.
Ба ҳамаи мову шумо ҳамдиёрон  маълум аст, ки дар фазои ноороми ҷахон кишварҳои қудратманд мехоҳанд ба воситаи  такон додани давлатҳои хурду номустақил мавқеи худро дар ин сарзаминҳо мустаҳкам намуда, аз сарватҳои табиии ин давлатҳо манфиатдор бимонанд. Чуночи мебинем, аз инқилоби давлатҳои арабӣ ва  нооромиҳои Ироқу Сурия то ҳодисаҳои хунини Ҷумҳурии Укроин, ҳама мушкилӣ сари мардуми осоишта, ба фирору  гурези онҳо  бо сарпастиҳо дар назди дигар миллатҳо анҷом меёбанд. Дар ҳар минтақа бо иделогияи хоси  худ бар ҳиссиёти миллатҳои ин давлатҳо назарияҳои  иқтисодиву диниву мазҳабӣ офарида, зиндагии осудаи онҳоро шур медиҳанд. Ба ҳамин монанд лоиҳаи дигаре —  «Давлати Исломи»-ро ба роҳ мондаанд, ки ин чӣ гуна давлат аст ва дар кадом сарҳади хоку замин бояд ҷой бигирад ва ӯро ба кадом миллати  одамият мутааллиқ гузоранд, ҳеҷ кас намедонад ва бо роҳи пулу сармоя, бародари муъминро бо муъмин ҷанг андохта, ҳазорон нафар кушта ва гурезаву бе хонаву сарпаноҳ мемонанд. Ҳамчунин, ҷавонони  миллати мо низ аз пушти ин фикри куронаи молу ҷоҳ ба қурбонӣ рафта, фикри оҳи модарон  ва бесарпаноҳии фарзандонашонро аз сар бурун мекунанд.
 Хамватанони азиз! Дар тӯли ҳазорсолаҳо чандин давлатҳо суқут карда, чандин қавмияту миллатҳо пароканда шудаанд. Дар Хуросони Бузург  ҳоло чанд давлату миллатҳои  ҷудогона зиндагӣ доранд, ки як пора хоки  хурдаш  насиби мардуми бумии мо Тоҷикон мондааст. Ва ҳам акнун душманони миллати мо мехоҳанд  ба мисли 24 сол пеш боз моро дар таҳлука андозанд. Мо набояд фирефтаи  ин душманон бошем. Давлатеро, ки бо хуни  чандин ҳазор  шаҳидон бо Сарқонун ва Нишону  Парчамаш  пойдор намудем, дигар аз даст надиҳем. Касе  мехоҳад ба муҳоҷирати меҳнатӣ биояд ва ба мисли мо бо меҳнати ҳалол кору зиндагӣ кунад, мо ҳаматарафа ба онҳо ёрӣ мерасонем. Бигузор бо музди меҳнат ба ёру бародарон ва аҳли оилаашон кумак намоянд. 
Мо роҳбарону фаъолони  Диаспораҳои тоҷикони шаҳри Санкт- Петербург  «Сомониён», «Помир», «Аҷам», «Занони Ҷаҳон» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарпарастии Консули фахрӣ Мирзода М.М. ва намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ доимо дар робита ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов сиёсати давлат ва миллатамонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, дар якҷоягӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ  ин ҳама кору  амали  ношоистаи гуруҳҳои ҷиноятпешаро маҳкум менамоем ва аз мардуми хирадманди Тоҷикистон хоҳишмандем бо ёрии вазоратҳои дахлдор барои саркуб кардани ҳама қонуншиканиҳо якдилона мубориза баранд.

шаҳри Санкт-Петербург
15 сентябри соли 2015

Сентябрь 15, 2015 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад