Мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Миср бо маҷаллаи “Diplomacy”
Душанбе, 09.09.2015, (АМИТ «Ховар»). – Маҷаллаи мисрии “Diplomacy” дар шумораи навбатии худ (августи 2015 cол) мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро бо сармуҳаррири маҷаллаи мазкур Абдулҳай Мухтор чоп намуд. Маҷаллаи мазкур дар Қоҳира ба забонҳои арабӣ ва англисӣ нашр шуда, доираи хонандагони онро асосан корпуси дипломатӣ ва муассисаҳои гуногуни кишвари маҳалли иқомат, ки ба сиёсати хориҷӣ робита доранд, ташкил медиҳанд.
Дар мусоҳибаи мазкур сафири кишвари мо ба пурсишҳои сармуҳаррири маҷалла дар бораи таърих, вазъ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми нашрия посух додааст.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Дар бораи муносибатҳо байни Миср ва Тоҷикистон чӣ мегӯед ва роҳҳои густариши он муносибатҳо кадомҳоянд?
Хусрав Нозирӣ: Тоҷикистон ва Миср муносибатҳои дипломатиро дар соли 1992 барқарор намуданд. Аз он замон муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср шоҳиди густариши пайдарпай дар соҳаҳои гуногун буданд. Феврали 2007 Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари расмии худро ба Ҷумҳурии Арабии Миср анҷом дод. Ҳангоми сафари мазкур масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, чанд мувофиқаномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд. Яке аз натиҷаҳои муҳими он боздид ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира буд, ки нахустин намояндагии дипломатии кишвари мо дар ҷаҳони араб ба шумор меравад. Январи 2009 Душанбе мизбони иҷлоси якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва фаннӣ буд. Ҳар ду тараф изҳори мувофиқат карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифро густариш ва таҳким хоҳанд намуд.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Дар бораи натиҷаҳои Конфронси “Об барои ҳаёт” дар Тоҷикистон чӣ мегӯед?
Хусрав Нозирӣ: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215 дар Душанбе 9-11 июни соли ҷорӣ бомуваффақият баргузор гардид. Ҳадафи Конфронс арзёбии пешрафтҳое буд, ки дар иҷрои Даҳсолаи мазкур ва ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанггардида бо истифода аз равиши фарогир ҳосил шуда буданд. Конфронс ба натиҷаҳои ҳамоишҳои қаблӣ, ба хусус Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба бознигарии фарогири иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки дар Душанбе соли 2010 баргузор гардид, Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20), ки соли 2012 баргузор гардид, Конфронси солонаи байналмилалии СММ — Оби Сарагоса, ки соли 2015 баргузор гардид, Муколамаи байналмилалии интерактивӣ дар чаҳорчӯби иҷлоси шасту нуҳуми Маҷмаи Умумии СММ ва ғайра такя менамуд. Намояндагони беш аз 100 кишвар, аз ҷумла Миср ва 80 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар он Конфронс ширкат карданд.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Дар бораи сафари ҷаҳонгард, файласуф ва шоири тоҷик Носири Хусрав ба Миср чӣ мегӯед?
Хусрав Нозирӣ: Муносибатҳо байни халқҳои тоҷику мисрӣ ба умқи таърих бармегарданд. Дар қарни XI ҷаҳонгард, файласуф ва шоири тоҷик Носири Хусрав ба Миср сафар намуд. Вай сафари худро дар китоби машҳури худ “Сафарнома” тавсиф мекунад. Ӯ махсусан аз Қоҳира, пойтахти Миср ва қароргоҳи халифаи фотимӣ ба шигифт меояд. Зимнан китоби ӯ яке аз манбаъҳои асосии омӯзиши ҳаёти иҷтимоӣ дар замони сулолаи Фотимӣ ба шумор меравад.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Дар бораи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва илмӣ байни Мисру Тоҷикистон, ки иҷлоси он соли 2009 баргузор шуд, чӣ мегӯед? Оё қарорҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҷомаи амал пӯшиданд?
Хусрав Нозирӣ: Чунон ки қаблан зикр гардид, ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Душанбе январи 2009 баргузор шуд. Рӯзномаи он масъалаҳои гуногун, ба монанди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, омӯзишу парвариш, гардишгарӣ, саноат, нирӯ, фарҳанг, кишоварзӣ ва ғайраро дарбар мегирифт. Вале, бо вуҷуди баъзе пешравиҳо, раванди мазкур ниёз ба боз ҳам фаъол сохтани он дорад.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Бисёре аз мо аз мақоми Тоҷикистон дар тамаддуни исломӣ огаҳӣ надоранд?
Хусрав Нозирӣ: Тоҷикистони имрӯза таърихан порае аз Хуросон ва Мовароуннаҳр буд. Барои он ки нақш ва мақоми тоҷикон дар нумӯи тамаддуни исломӣ дарк гардад, кофист, ки аз чеҳраҳои дурахшоне чун Ибни Сино, Имом Бухорӣ, Табарӣ, Берунӣ, Абу Ҳанифа, Замахшарӣ, Ғазолӣ, Умари Хайём ва дигарон ёд бибарем.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Натиҷаҳои дидори Шумо бо устондори Қоҳира Ҷалол ас-Саид чӣ буданд ва оё шумо дар бораи барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду пойтахт — Душанбе ва Қоҳира ба мувофиқат расидед?
Хусрав Нозирӣ: Он дидори бисёр судманд буд ва ман мехоҳам ба ҷаноби Ҷалол ас-Саид, устондори муҳтарами Қоҳира барои он дидор ва меҳмоннавозии ӯ изҳори ташаккур кунам. Дар он дидор мо бештар муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, дар ин замина аҳамияти барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ байни пойтахтҳои ду кишвар — Душанбе ва Қоҳираро таъкид намудем.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Оё боздиди нави Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Миср пас аз боздиди ахири ӯ дар соли 2007 баргузор мегардад?
Хусрав Нозирӣ: Тоҷикистон ба густариши бештари муносибатҳои дуҷониба бо Миср манфиатдор аст ва бадеҳист, ки табодули мунтазами боздидҳо дар сатҳи олӣ метавонад ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мусоидат кунад.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Назари Шумо ба хушунату муноқишаҳои тоифавӣ, ки ҳоло дар ҷаҳони арабу исломӣ ҷараён доранд, чист?
Хусрав Нозирӣ: Тоҷикистон ҷонибдори ҳамбастагӣ байни кишварҳои исломӣ мебошад. Мо хостори ҳалли тамоми масъалаҳо бо роҳҳои сулҳомез мебошем. Мояи таассуфи зиёд аст, ки муноқишаҳои мусаллаҳона дар гӯшаҳои гуногуни минтақа, ки танҳо харобӣ ба ин кишварҳо ва ранҷу азоб ба халқҳои онҳо ба бор меоранд, идома доранд.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Пас аз анҷоми кор ва рафтан ба хона ба чӣ машғулед?
Хусрав Нозирӣ: Пас аз кор дӯст дорам вақтамро бо хонаводаи худ, ки маро дар Қоҳира ҳамроҳӣ мекунад, гузаронам. Дӯст дорам китоб хонам ва аз зебоиву шукӯҳу азамати ҷоҳои гуногуни Миср лаззат барам.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Оё дар бораи баргузор гардидани иҷлоси дувуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҷиҳати баррасӣ намудани масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва бозаргонӣ байни ду кишвар хабаре нав ҳаст?
Хусрав Нозирӣ: Ин масъала ҳоло мавриди баррасии ду тараф қарор дорад ва интизор меравад, ки иҷлоси дувуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ (сайёҳӣ) чӣ мегӯед, бо дарназардошти он ки Миср мақсади гардишгарист?
Хусрав Нозирӣ: Миср кишвари бузург аст ва ҷойҳои бисёри машҳури гардишгарӣ дорад. Тоҷикистон низ ҷойҳои ҷолиби гардишгарӣ фаровон дорад. Аз ин рӯ, барои ду кишвар зарур аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгариро барқарор намоянд ва густариш диҳанд. Мувофиқат ҳосил шудааст, ки Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, бино ба даъвати Вазири гардишгарии Миср ба зудӣ аз Қоҳира, боздид хоҳад намуд. Бовар дорам, ки натиҷаҳои он сафар барои табодули гардишгарӣ байни ду кишвар судманд хоҳанд буд.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Дар бораи ҳаҷми додуситади тиҷорӣ байни ду кишвар чӣ мегӯед?
Хусрав Нозирӣ: Муносибатҳои тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Миср потенсиали зиёд барои афзоиш доранд ва дар ин замина кори муассири Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ метавонад ба афзоиши тиҷорат байни ду кишвар мусоидат кунад.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Оё дар мавриди чӣ гуна беҳтар намудани иқтисоди Миср дар ҳоли ҳозир тавсияе доред?
Хусрав Нозирӣ: Мо шодем, ки шоҳиди бозсозии босуръати иқтисоди Миср мебошем ва бовар дорем, ки ояндаи дурахшон ин кишвари бузургро мунтазир аст.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Оё ҳукумати Тоҷикистон кумаке ба соҳибкорони мисрӣ ҷиҳати сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мекунад?
Хусрав Нозирӣ: Мо таваҷҷуҳи фазояндаи соҳибкорони мисрӣ ба Тоҷикистон ва фурсатҳои сармоягузорӣ дар онро мебинем. Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси қонунҳои дахлдори кишвар, хусусан ҳимоя ва ташвиқи сармоягузории хориҷӣ ва ғайра, сармоягузорони хориҷиро бобати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамояд. Ба ин муносибат, хурсандам бигӯям, ки бархе ширкатҳои мисрӣ аллакай ба бозори Тоҷикистон бо муваффақият ворид шудаанд.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Дар бораи буҳрони Украина чӣ мегӯед, оё он ба иқтисоди Тоҷикистон таъсире дорад?
Хусрав Нозирӣ: Ҳар муноқишае ба кишварҳои дигар таъсири манфии иқтисодӣ мерасонад. Бино бар ин, мо умедворем, ки ҳамаи тарафҳои даргир ҷиҳати бозистондани он муноқиша кӯшишҳои худро дареғ нахоҳанд дошт.
Маҷаллаи “Diplomacy”: Таассуроти Шумо аз моҳи Рамазон дар Миср чист ва оё он бо Рамазон дар Тоҷикистон фарқ мекунад?
Хусрав Нозирӣ: Ман тафовути зиёдеро дар рафтору кирдор ҳангоми моҳи Рамазон байни Тоҷикистон ва Миср мушоҳида накардам.