Нишасти матбуотии Мубин Эргашев ва Ангелос Постекоглу

Сентябрь 6, 2015 05:56

Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Пагоҳ 7-уми сентябр соати 11 дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси» бо иштироки сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Мубин Эргашев ва  сармураббии дастаи мунтахаби футболи Австралия Ангелос Постекоглу барои намояндагони расонаҳои иттилоотӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. 
Хотиррасон мекунем, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии навбатии худро барои дарёфти роҳхат ба Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Австралия рӯзи 8-уми сентябр дар варзишгоҳи марказӣ баргузор мекунад. Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В»  бо як имтиёз дар ҷойи 4-ум қарор дорад ва дар сурати ғалаба бар Австралия имконияти худро барои дарёфти яке аз роҳхатҳо беҳтар хоҳад кард.

 

Сентябрь 6, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад