Ошкорсозии маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузашта аз ҷониби «Тоҷикстандарт»
Душанбе, 10.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш нозирони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») миқдори калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузаштаро ошкор караданд.
Бино ба иттилои Агентии мазкур кормандон дар анбори нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ “Фирдавсӣ бартар-Этко” маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта ба миқдори 334 кг картошкаи бирёншудаи “Маз-Маз”, 621 кг маҳсулоти қаннодӣ, 150кг донаи офтобпараст, 324 кг консерваи лубиёгӣ ва зардолу, 1700 кг консерваи моҳигӣ ва 432 кг гўшти мурғ ошкор карданд.
Ҳамчунин дар раванди гузаронидани санҷишҳо дар нуқтаҳои савдо аз тарафи нозирони нозироти савдои Агентӣ ба миқдори 765 литр нушокиҳои ташнашикан, 196 кг маҳсулоти қаннодӣ, 31 кг қандчаҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Чин, 12 кг чойи хушк, 20 кг маҳсулоти ширӣ ва монанди ин ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраргардида нисбати онҳо чораҳо андешида шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






