Пурсиши хона ба хона дар ноҳияи Варзоб
Душанбе, 22.09.2015, (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия пурсиши хона ба хонаро ҷорӣ намуда, рўйхати дақиқи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишварро тартиб дод. Ба иттилои мутахассиси пешбари бахш Орифҷон Бобоев, айни замон 1499 сокини ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, 75 нафараш зан аст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират бо сокинони ноҳия 28 маротиба бобати қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохўриҳо гузаронид. Ба шаҳрвандони ноҳия тавсия дода шуд, ки барои гирифтани Сертификати забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия ба Филиали донишгоҳи энергетикии Маскав дар Душанбе муроҷиат намоянд.
Дар ин муддат 415 сокини ноҳия бо шиносномаи хориҷӣ таъмин гардид. Мутаассифона, ба 43 нафари онҳо ҳуқуқи ба Федератсияи Русия ворид гардидан манъ карда шуда, аз теъдоди шаҳрвандони манъшуда як нафар бо кори доимӣ, 10 нафар бо кори мавсимӣ, боқимонда бо корҳои хоҷагиҳои ёрирасони хусусӣ машғуланд.
Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А.Қодирӣ иттилоъ дод, инчунин ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон, занон ва духтарон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳайати гурўҳи кории мақомоти иҷроия бо ҷавонон- муҳоҷирони меҳнатӣ ва волидайни онҳо дар маҳаллаҳо вохўриҳо доир намуда, арҷгузорӣ ба суннатҳову арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани пўшидани либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, шомилшавии ҷавонон ва духтарон ба гурўҳҳои ифротгаро, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дарки масъулият дар тарбияи фарзанд, дар муҳоҷират бовар накардан ба ваъдаҳои дурӯғи гурӯҳҳои ҷалбкунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Бахши ХМ дар ноҳияи Варзоб баҳри тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва муборизаи беамон ба ин падидаҳои навзуҳур ва вабои аср дар оянда низ талош хоҳад кард.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






