Р.Раҳимзода кормандони милитсияро дар беморхона аёдат кард
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -24 сентябр дар рӯзи Иди саиди Қурбон, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» дар шаҳри Душанбе омада, аз саломатии кормандони Дастаи таъйиноти махсуси ВКД ва ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, ки зимни ҳуҷуми мусаллаҳона ва амалиёти махсус бар зидди гурӯҳи террористии А.Назарзода маҷрӯҳ гардидаанд, хабар гирифт.
Вазири корҳои дохилӣ кормандонро бо Иди Қурбон табрик гуфта, ба онҳо шифои комил хост. Ҳамзамон зимни аёдат аз номи Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ ба маҷрӯҳон туҳфаҳои идона ва маблағҳои пулӣ тақдим шуданд.
Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти дастгирию ғамхории пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба онҳо кумаки ҳамаҷониба расонида мешавад.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






