Раҳбари Ал-Қоида: Ал-Бағдодӣ «фитнагар» аст ва шоистаи «хилофат» нест
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари шабакаи ифротгарои «Ал-Қоида» Айман Завоҳирӣ аз роҳбари гурӯҳи «Давлати исломӣ» Абӯбакр Ал-Бағдодӣ интиқод намуда, ӯро «фитнагар» хондааст.
«Давлати исломӣ» иддао дорад, ки «хилофати исломӣ» таъсис дода, роҳбараш Абӯбакр Ал-Бағдодиро бояд халифа муаррифӣ кард.
Се моҳ қабл низ гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» аз роҳбари шабакаи «Ал-Қоида» Айман Завоҳирӣ интиқод ва ӯро ба каҷравӣ аз «сиёсати ҷиҳодӣ» муттаҳам карда буд.
Ёдовар мешавем, ки ифротгароёни «Давлати исломӣ» қаблан дар сафи «Ал-Қоида» меҷангиданд ва ду сол қабл аз ин гурӯҳ ҷудо шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






