Рисолати наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон кайҳо ба иҷро расидааст
Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад.
Э. Раҳмон
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар замони ҳозира шаклҳои гуногуни ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд доранд, ки иддае аз онҳо агар дар фикри манфиати миллату давлат бошанд, қисми дигарашон дар фикри амалӣ кардани мақсадҳои хоси идеологӣ ва сиёсию ғаразмандонаи нопоки худ, бо истифода аз эҳсоси мардуми мусалмон саргардонанд. Ҳатто маъруфтарин донишмандони дини мубини ислом инро таъкид кардаанд. Шахсони огаҳ медонанд, ки дини мубини ислом ғайр аз мазҳабҳои «шиъа» ва «суннӣ», ба фирқаҳо ва ё самтҳои гуногун тақсим шудааст, ки қисмате аз онҳо дар талаботи худошиносӣ аз ҳамдигар дар фосилаҳои дур қарор гирифтаанд. Ҳофизи Шерозӣ дар замони худ шумораи миллатҳои диниро ҳафтоду ду адад шумурда буд:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.
Бояд гуфт, ки мардуми ба дин эътиқод доштаро дар қонуни сиёсие, ки хислатҳои аврупоӣ ва ғарбгароӣ дорад, ҳамчун ҳизби динӣ гирд овардан ва ба ин восита талоши ҳукумат кардан, кори на он қадар саҳлу осон ва оқилона аст. Зеро ҷони чандин ҷавони эҳсосотӣ метавонад дар хатар бошад. Чунин ҳамоиши сиёсӣ дар тафриқасозӣ миёни ихлосмандони динӣ афзоиш бахшида, ҷамъе аз динпаноҳонро ба ҳамдигарситезӣ ва раҳгумӣ вомедорад. Чунки дар ботини мусалмони узви ҳизби динӣ набуда, дудилагие ба миён меояд, ки мусалмони асил ӯст, ё онҳое, ки ба ҳизби равияи динидошта гароидаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки шояд ҳадаф аз бунёди ҳизбҳои наҳзатию исломӣ, огаҳ сохтани мардум ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини муқаддаси ислом ва майл додани ҳукумат ба густаришу ҷонибдории динпаноҳон бошад, гумон мекунем, ҳоло дигар ин ҳадафҳо кайҳо амалӣ шудаанд, ҳамчунон ки дар кишвар шумораи масҷидҳо аз шумораи мактабҳо зиёд асту камтар нест, донишгоҳ ва мадрасаҳои динӣ дарҳои худро барои ҷавононе, ки мехоҳанд умри хешро ба тақво ва омӯзиши аркону аҳкоми дини ислом бубахшанд, боз шудаанд. Ҳукумат ба имомони масҷидҳо маоши ҳармоҳа медиҳад, шумори ҳоҷиёни кишвари мо нисбат ба кишварҳои мусалмонии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз бархе кишварҳои дигари мусалмонӣ бештар мебошад.
Миллати тоҷик, ки табъан худотарсанд, мутмаинан ҳама хостаҳои муҳимтарини динию эътиқодиро, хосатан донистану пазируфтани андешаи тавҳид, намозгузориву рӯзадорӣ, сафари ҳаҷ, хуллас аз хондани азон дар гӯши навзод, то хатнаву никоҳу расми ҷаноза ва хайру худоиро риоя мекунанд ва дар давлате, ки сарвараш худ ба дин вафодор аст, касе ба посдории рукнҳои дини мубини ислом мухолифат надорад. Аз ин бар меояд, ки наҳзати исломии дар солҳои 80 — 90 садаи 20- ум оғоздшуда, рисолати худро анҷом додааст ва он сӯйи корҳо мебояд ба омӯзгорони донишманд ва аҳли тақвои ботарбияту боандеша вогузошта шавад. Далели гуфтаҳои боло ин аст, ки асри 21 асри давлатҳои мазҳабӣ нест, зеро имрӯз хатари ҷангҳои мазҳабӣ дарвозаи ҷаҳони мусалмониро дар кӯбидан аст. Ва шигифтангез он аст, ки дар пушти динпарварони кӯтоҳандеши нахондаву андакхонда ва фақеҳони аз сиёсати геополитикии ҷаҳондорон хабар надошта, чӣ қувваҳои хуношоме ҷой нагирифтаанд: аз комплекси саноатии ҳарбӣ то мафияи фурӯши силоҳ; аз мафияи тавлид ва фурӯши маводи мухаддир то тундгароёни фошистӣ; аз арабгароёну мутаассибон ва монанди инҳо.
Ҳиллаи аз ҳама пешгирифтаи корҳои онҳо имрӯз то ба эҳсоси ваҳм расондани мардуми мусалмон, бахусус ҷавонони акнун ба худошиносӣ майл пайдокарда ва ҳатто ҷалби кӯдакон мебошад. Онҳо барои дар чашми мардуми ҷаҳон ваҳшиву ҷоҳил ва дорои тафаккури паст будани мусалмонон, аз ҷавонони кишварҳои гуногуне, ки ҷамъияташон мусалмон аст, гурӯҳҳое омода месозанд, ки аслан дар натиҷаи таълими махсус гирифтори бемории руҳӣ гашта, онҳо худро ҳақшумор ва ба ҳақ наздик мешуморанд. Ҳамакнун ғолиб шудаанд, ки дар Аврупову Амрико ва ё ҷаҳони ғарб, агар касе мусулмонро бубинад, ҳатман гумони бад намуда, ғолибан ӯро эҳсос фаро мегирад, ки гӯё дар муқобилаш қотил, ё террористи эҳтимолӣ истодааст. Ҷаҳони ғарб акнун кӯдакони худро дар синни хурдӣ ҳушдор медиҳанд, ки аз мусалмон ҳазар бояд дошт. Онҳо ҳарчи зудтар мекӯшанд тариқи истеҳсолоти воситаҳои таъсиррасон ва технологияи навтарин моро водор ба он созанд, то ба эҳсос дода шавем. Барои онҳо ҳассосияти динпарастии мусалмонон ниҳоят муҳим аст, ҳатто зиндагисоз аст. Агар ҳассосияти дар ҷаҳони ислом ба риояи тамоми нозукиҳои дини худ коҳиш ёбад, мусалмонон ҳам ба андеша ва истеҳсоли техникаву технология ва фаъолияти инноватсионӣ рӯ меоварданд ва худашон тавлидгари ҳавопаймову компутер ва соири василаи рӯзгор мешаванд ва дар бозори фановариҳои техникиву илмӣ ҳарфи аввалро мезананд. Он гоҳ иқтисоди аврупоиён варшикаста мешуд. Агар дар кишварҳои мусалмонӣ оромиву осудагӣ фароҳам ояд, роҳи фурӯши аслиҳа ва героину нашъаи онҳо баста хоҳад шуд.
Зидди давлату ҳукумат ошуфтани диндорон ва динпарастон аз он рӯ хатари маргбор дорад, ки дин ба эҳсосу андешаҳои ниҳоят нозуки инсонҳо сару кор дорад ва барангехтану ба ҷодаи худкушӣ равон кардани одамони камсавод ва ноогоҳони фалсафаи дин, кори на он қадар мушкил аст. Дастури зиндагии мардуми мусалмон, ки аз ҷониби Худованд нозил шудааст — яъне Қуръон саросар ба созандагӣ ва зиндагии шоиста ишора дорад, аммо фақеҳу мавъизахони бадандешу тангназар метавонад аз роҳи коргирии каломи Худованд инсонҳоро ба ҳар ноҳамворие тела диҳад. Имрӯз баъзан аҳзоб бо дили пур лоф мезананд, ки демократия аст ва бояд ҳама аҳзоб озод ва бе парда аз ҳар роҳ, ки ҳохад корашро пеш гирад. Аммо давлат наметавонад ҳатто ба хотири густариш ва ривоҷи ормонҳои демократӣ ба чунин таблиғоти пурхатар роҳ диҳад. Дин дар ҳама давру замонҳо бо давлат ва сиёсат ҳамкор буд ва ба хотири амнияти мардум дар чаҳорчӯби сиёсати давлат амалкардҳо дошт. Аз таърих медонем, ки ҳар гоҳ диндорон аз ҳамкорӣ бо давлат рӯ тофтаанд ва хостаанд мардумро ба ҳам ба иғво андозанд ва ишораи ғавғо кардаанд, давлат онҳоро саркӯб ва нест кардааст. Акнун мо дар замоне қарор дорем, ки ҳассосиятҳо ба дин нисбат ба садсолаи гузашта хеле зиёд шудааст ва аксари тоҷикони мо сарфаҳм намераванд, ки ин ҳассосиятҳо ба авҷ гирифтани бозори бадхоҳони дини ислом ва миллати тоҷик сабабгор мешавад.
Акнун имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки баъзан ҳизбҳои сиёсии характери дини дошта, бо дарназардошт ва ба инобат гирифтани авзои ноороми мамолики дунё қатъан фаъолияти худро қатъ намуда, дар доираи одобу рафтори инсонӣ ва шаъну шараф ва риояи номуси ватандорӣ зидагӣ ба сар баранд.
Имрӯз мо дар як замоне зиндагӣ дорем, ки ҳаво пойбанди илм аст ва наметавон мардуми закию шарифи кишварамонро бо шиорпартоӣ аз номи шариату ислом ва дин фиреб дод.
Дин ҳам дар чунин ҳолат ва муҳит пойдор нахоҳад монд.
Пойдории дин танҳо дар хирадгароист ва ба баъзе аҳзоб мебояд бозандешиҳою солимфикриҳои нек ва солимии сиёсиро орзу намуд:
Ҳар он дин, ки бошад ба хубӣ ба пой,
Бар он дин бошад хирад раҳнамой
Сиёвуш Наботов
Устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон