«Роҳи рушди Осиё» соҳибкорони эрониро ба Хатлон меорад
Душанбе, 16.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-20 ширкати эронӣ маҳсулоти худро дар нахустин намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулоти саноатӣ, ки аз 19 то 23 сентябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтепа баргузор мегардад, ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Шараф Сангов- муовини мудири кулли Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки намоишгоҳ бо ибтикори ширкати намоишгоҳии «Роҳи рушди Осиё» -и Эрон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолии вилояти Хуросони Разавӣ ва Ҳамадони Эрон маҳсулоти хӯрокӣ, шириниҳои гуногун, қолинҳо, маводи мухталифи шустушӯӣ, инчунин таҷҳизоти муосирро ба намоиш ва фурӯш гузоранд.
Бино ба иттилои Шараф Сангов: интизор меравад, ки дар доираи баргузории намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони тоҷику эронӣ баргузор гардида, дар он масоили марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон, ҷалби сармояи ин кишвар ба рушди иқтисоди вилояти Хатлон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, омӯзиши фазои сармоягузорӣ ва дигар паҳлӯҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ хоҳанд гашт. Ҳамзамон дар назар аст, ки соҳибкорону тоҷирони эронӣ аз бархе корхонаҳои истеҳсолии вилояти Хатлон боздид намоянд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






