Румӣ танҳо марбут ба як миллат нест!

Сентябрь 25, 2015 11:10

Хоруғ, 25.09.2015 (АМИТ «Ховар», Файз  Мирҳасан).-Дар китобхонаи  ба номи Ҳофизи Шерозии  шаҳри Хоруғ бо ширкати шоирон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ  конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти  шоир ва мутафаккири бузурги  форсу тоҷик  Ҷалолиддини Румӣ баргузор гардид.
Иштирокчиён аз аҳамияти осори гаронарзиши ин мутафаккир суҳбат карда, зикр доштанд, ки бо гузашти солҳо қадри сухану ҳикматаш ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб  кашишу ҷозибаи бештар пайдо мекунад. Румӣ дар замони худ тавонист ғояҳои башардӯстонаи исломи нобро ба тамоми инсонҳои дунё сарфи назар аз боварию эътиқод тавзеҳ диҳад. Румӣ аз доираи як миллат берун шуд ва дар мақоми тамаддуни башарӣ ҷо гирифт. Акнун Румӣ танҳо ба миллати форсу тоҷик тааллуқ надорад, он моли тамоми дунё аст,-таъкид шуд дар нишаст. 
 Баъди ироаи маърӯзаҳо байни хонандагону донишҷӯён ва устодон оид ба паҳлӯҳои эҷодиёти ин шоири оламшумул мубоҳиса сурат гирифт.

 

Сентябрь 25, 2015 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд