Семинар бо иштироки мутахассиси ХБА
Душанбе, 22.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — 19 сентябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони департаменту идораҳои бонк дар мавзӯи “Идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ” семинар баргузор гардид. Мутахассиси бахши молиявии Хазинаи байналмилалии асъор Винсент Флуриет маърӯза намуда, оид ба идораи самараноки захираҳо маслиҳатҳои муфид дода, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дод.
Тибқи барномаи тасдиқшуда семинар аз ду бахш “Идоракунии захираҳо бо назардошти хавфҳо” ва “Тақсимбандии стратегии захираҳо” иборат буд.
Дар семинар зикр гардид, ки мувофиқи тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор оид ба захираҳои байналмилалии БМТ, аз рӯи якчанд ченак, аз ҷумла қарзҳои кӯтоҳмуддати давлатӣ ва ҳаҷми пули миллӣ кофӣ ва мусбат арзёбӣ шудаанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ташкили захираҳо ҳадафҳои зерин: таъминнокии пардохтпазирӣ, идоракунии сатҳи қурби асъор бо мақсади коҳиши лаппишҳои он ва нигоҳ доштани муътадилии қурби пули миллӣ дар мадди аввал меистанд.
Дар қисми дуюми семинар иштирокдорони он оид ба ҷой доштани хавфҳои асъорӣ, бозорӣ, қарзӣ, пардохтпазирӣ, амалиётӣ ва ҳуқуқӣ дар идоракунии захираҳо муҳокимаронӣ намуда, паҳлӯҳои гуногуни хавфҳоро баррасӣ карданд.
Семинари мазкур ба ташкили ҳамкории зичу судманд бо ташкилоти бонуфузи молиявӣ мусоидат менамояд. Иштирокдорони семинар дар самти рушди дарозмуддат ва самаранокии идоракунии захираҳои байналмилалӣ пешниҳодҳоро қабул карданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






