Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаи ноқилбарории «Ноқили Талко»

Сентябрь 2, 2015 08:34

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). —  Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти корхонаи ноқилбарории  «Ноқили  Талко»   дар шаҳри Душанбе  шинос шуд.
Ин корхона соли 2011 ба фаъолият оғоз намуда иқтидори истеҳсолии он 12 ҳазор тонна ноқил дар як сол мебошад. Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш ба тарзи истеҳсоли намудҳои гуногуни ноқил, сифати маҳсулот, услуби фаъолияти озмоишгоҳи ин корхонаи саноатӣ ва тавони истеҳсолии он шиносоӣ пайдо кард. 
Сипас дар маҷлисгоҳи корхона  дар ҳузури Сарвазири мамлакат доир ба афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ва коркарди ниҳои ашёи хоми маҳалӣ, аз ҷумла алюминийии аввалия дар дохили мамлакат  машварати корӣ баргузор шуд. Дар  машварат  роҳбарони  вазорату идораҳои  дахлдор ва роҳбарияти корхонаҳои саноатии алюминий ва ноқил истеҳсолкунандаи ватанӣ иштирок намуданд.
Тавре таъкид шуд, зиёд  намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ва коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзун кардани шумораи  корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ аз талаботҳои асосии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта иҷрои ин дастуру супоришҳо  аз масъулини дахлдор  масъулиятшиносии баланд ва истифодаи  самараноки имконоту захираҳои мавҷударо тақозо менамояд.
Аз масъулони соҳа талаб карда шуд, ки барои дар муддати кўтоҳ коҳиш додани воридоти молу маҳсулот аз хориҷи кишвар,коркарди ниҳоии маҳсулоти хом дар дохил, истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир, баланд бардоштани тавони истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва таъмини бештари бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, аз рафти иҷрои ин талабот ба ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам ахборот пешниҳод намоянд.

Сентябрь 2, 2015 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад