Сиёсати амниятии Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ мегардад

Сентябрь 30, 2015 08:08

Душанбе, 30.09. 2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия тасмим дорад, ки дар нимаи аввали моҳи октябр дар Душанбе конфронси байналмилалии илмию амалиро дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар шароити таҳаввулоти  геополитикӣ» баргузор намояд. 
 Ин ҳамоиш бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳои соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ гузаронида мешавад.
      Дар чорабинӣ  намояндагони кишварҳои узви СААД, олимони ватанию хориҷӣ, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар атрофи манфиатҳои миллӣ ва  сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити  таҳаввулоти геополитикӣ ибрози назар хоҳанд кард.

Сентябрь 30, 2015 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»