Сиёсатшинос: Раисии Тоҷикистон ба СААД барои тавсиаи рушди кадрии сохторҳои низомӣ мусоидат мекунад!
Душанбе, 15.09.20015. (АМИТ «Ховар»).- Имсол раисии СААД-ро Тоҷикистон ба уҳда дорад. Аз ин рӯ чунин мавқеъ барои кишвари мо дар самти амалӣ гаштани ҳадафҳои Тоҷикистон дар Созмон, ҳамчунин таъмини амнияти кишвари мо афзалият ва имкониятҳои зиёд хоҳад дод. Бахтиёр Холиқов- корманди Раёсати сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар робита ба ин масъала гуфт, ки раисии Тоҷикистон дар СААД пеш аз ҳама барои такмили сохторҳои низомии мамлакат имкониятҳои нав медиҳад: « Раисии Тоҷикистон дар СААД пеш аз ҳама имкон медиҳад, ки таҳдидҳои мавҷударо ошкор намуда, ба кишварҳои аъзо расонад, ки хусусиятҳои таҳдидҳои имрӯз дигар шудаанд ва бояд бо онҳо дастаҷамъона мубориза бурд. Ҳамчунин барои Тоҷикистон имконияти бузург аст, ки дар чаҳорчӯби созмон рушди кадрии қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои низомиро тавсиа бахшида, дар доираи зарфиятҳои бузурге, ки кишварҳои ин созмон доранд, аз қабили имкониятҳои техникӣ ва технологияи нав ва касбияти онҳо табодули таҷриба намоянд»,-иброз дошт номбурда.
Сиёсатшиноси кишвар Бахтиёр Холиқов афзуд, ки дар солҳои охир нақши СААД ба тадриҷ рӯйи кор омад. Ба гуфтаи номбурда хатарҳои ҷаҳониву минтақавӣ, аз қабили терроризму экстремизм акнун хусусиятҳои нав ба худ касб карданд, зеро чолишҳои террористие, ки чандин солҳо минтақаро таҳдид мекарданд, аллакай ошкор гардиданд.: «Аммо масъалаи асосие, ки ҳоло сарони кишварҳои аъзои СААД бояд ба он диққати махсус диҳанд, ин коркарди механизмҳои нав барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои иртиҷоии ба ном «Давлати исломӣ», ки падидаи нави хатарзоянд, ба шумор меравад»-,афзуд Бахтиёр Холиқов.
Бояд гуфт, ки дар айни замон дар доираи СААД барои барқарор кардани ҳамкорӣ бо ташкилоти маъмул, чун СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, Созмони Конфронси Исломӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 2 декабри соли 2004 Маҷмаи Умумии СММ дар бораи додани мақоми нозир ба СААД қатънома қабул кард. 18 марти соли 2010 Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ миёни Котиботи СММ ва Котиботи СААД ба имзо расид. Бо мақсади муттаҳид ва ҳамоҳанг кардани талошҳои кишварҳои аъзои созмон барои густариш ва такмили минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба моҳи июни соли 2005 Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД таъсис дода шуд. Моҳи ноябри соли 2006 Ассамблеяи Парлумонии СААД таъсис ёфт. Дар доираи СААД равишҳои ягона, ки дар Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм таҷассум ёфтаанд, амалӣ мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






