«Созандагони Ватан» ҷавонони манотиқи гуногуни кишварро бо ҳам овард
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» санаҳои 9-10 сентябри соли 2015 бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3000-солагии Ҳисори шодмон дар якҷоягӣ бо нашрияи шаҳрии Вечёрка роҳпаймоии автомобилиро дар шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор- Шаҳринав- Турсунзода доир намуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, тақвияти дустию рафоқати ҷавонони манотиқи кишвар, огоҳ намудани онҳо аз таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик, шинос намудани онҳо бо тарзи зиндагӣ ва фаъолияти ҷавонон ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон ва ифтихор аз фарҳангу миллати хеш иборат буд.
Дар доираи ин чорабинӣ ҷавонони иштирокчӣ, ки теъдодашон ба 120 нафар баробар буд, аз мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, боѓҳои ноҳияи Шаҳринав, Корхонаҳои алюминии шаҳри Турсунзода дидан намуда, дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гулчанбар гузошта, эҳтироми ин фарзанди фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро ба ҷо оварданд.
Инчунин дар доираи чорабинӣ ҳамоиши ҷавонон сурат гирифта, байни дастаи футболбозони «Созандагони Ватан» ва ҷавонони шаҳри Турсунзода сурат гирифт, ки бисёр ҷолиб сурат гирифт. Зимни ҳамоиши ҷавонони кишвар амали гуруҳи ҷиноӣ бо сардории собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон авриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш қатъиян маҳкум карда шуд. Ҷавонон иброз доштанд, ки чунин амали нангинро, бахусус дар арафаи таҷлили Рўзи истиқлолияти давлатӣ, ки қасди ноором намудану бадном сохтани ҷомеаи тоҷикро доштанд, ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонанд.
Маҷмуи чорабиниҳои баргузор гардида ба таҳкими дўстии ҷавонон, тарбияи ватандўстию меҳаншиносӣ ва ифтихор аз таърихи гузашта мусоидат хоҳад намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






