Суғд: ҷавони 26- сола бо гумони даллагӣ дастгир шуд
Душанбе, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бино ба иттилои ВКД, кормандони милитсия марди 26-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар даллагӣ дастгир карданд. Гумонбаршуда 27 август дар назди бинои маркази дилхушии “Опера”, воқеъ дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд ду мардеро, ки доғи судӣ дошта, сокинони ноҳияи Ғончӣ мебошанд, бо ҷавондухтари 19-сола, сокини ноҳияи .Б.Ғафуров барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 100 сомонӣ муқофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ зани 39-сола, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов низ бо гумони даллагӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир шуд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 15-уми сентябри соли равон дар назди кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Ҷ.Расулов марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлобро бо зани 30-сола, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос намуда, аз онҳо 80 сомонӣ муқофотпулӣ гирифтааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






