Суғд: Баргузории мусобиқаи шашка ва шоҳмот миёни нобиноён
Хуҷанд, 16.09.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Аз 11 то 14 сентябри соли ҷорӣ дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии нобиноён мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба шашка ва шоҳмот байни мардон ва занони нобиною маъюб гузаронида шуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” мутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Қобилхӯҷа Обидов иттилоъ дод, мусобиқа тӯли се рӯз дар меҳмонхонаи «Эҳсон» баргузор гардида, дар он 24 намоянда-варзишгар, ки аз 6 нафараш зан буд, аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Чкалов, Ҷаббор Расулов, Б.Ғафуров, Шаҳристон иштирок намуданд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон ва иштирокдорон бо туҳфаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва бахши суғдии Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ сарфароз гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






