Сулҳ дар Тоҷикистон поянда аст
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Он рӯзҳое, ки дар кишварамон ҳодисаҳои вазнини нохуш рӯй доданд, мардуми тоҷик ба таҷлили 24 солагии Истиқлолияти кишвари маҳбубамон омодагӣ дошт. Тамоми аҳли мардуми тоҷик шукри истиқлолияту субот, ваҳдату ягонагии мамлакат намуда, аз устувориву пешравиҳои Тоҷикистон фахр менамуд. Дар ҳама минтақаҳои мамлакат тайёрӣ ба ид, ташкили чорабиниҳо ба назар гирифта мешуданд. Ташкили ин ҳодисот аз тарафи яке аз роҳбарони вазорати мудофиа, ба назарам, боиси нигаронии ҳамаи шаҳрвандон буд, зеро вақте ки аз расонаҳои ахбори умум аз рӯзҳои даҳшатноки мардуми Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман огоҳ мешавем, боз як бори дигар аз оромию тинҷӣ, осудагиву сарҷамъии хонадони ҳар як фарди кишвар, Ватани азизи мо шукр мегӯем. Бо боварии том гуфта метавонем, ки имрӯз Тоҷикистон пояҳои мустаҳкам дошта, бо устуворӣ қадам ба роҳи тинҷию осудагӣ, рушду болоравӣ мегузорад. Дар ин ҷо мехостам сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамонро махсус зикр намоям, ки тавонист мардуми моро аз парокандагиву харобӣ ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ расонад.
Ман худ корманди соҳаи иҷтимоӣ ҳастам ва бо якчанд нишондиҳандаҳои ин соҳа рушди босамари мамлакатро мехоҳам қайд намоям. Чунончи, имрӯз дар кишвар шумораи марказҳои инкишофи кӯдак ба 1061 расида, онҳо 26 000 кӯдакро фаро гирифтаанд ва барои қариб 115 ҳазор кӯдак шароити муосири таълиму тарбияи томактабӣ фароҳам оварда шудааст. Аз замони истиқлолият то ба имрӯз дар кишвар 2254 муассисаи нави таълимӣ, ба истифода дода шудааст, ки дар он зиёда аз як миллиону 750 ҳазор хонандагон таҳсил мекунанд. Ҳукумат дар оянда низ раванди ислоҳот, таъмиру навсозӣ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумиро идома мебахшад. Дар даврони Истиқлолияти мамлакат шумораи интернатҳо аз 41 то ба 78 расидааст. Ҳоло дар саросари кишвар 38 мактаби олӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 2073 номзади илм ва 493 доктори илм ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Дар даврони Истиқлолият шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ рушд ва такмил ёфтанд. Дар ин давра як силсила муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ гардиданд, аз ҷумла ворид намудани таҷҳизоти муосир ва технологияҳои замонавӣ боиси беҳтар шудани сифати ташхис, муоина ва табобати беморон гардид.
Танҳо дар 7 соли охир даромади буҷети давлатӣ беш аз 4 баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2015 ба 15,3 миллиард сомонӣ расонида шавад. Агар ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистонро пурра нишон диҳем, он вақти зиёдеро талаб мекунад. Фақат мехоҳам инро қайд кунам, ки заминаи ҳамаи ин дастовардҳо аз як тараф аз самти дурусти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад, аз тарафи дигар ин натиҷаи сулҳу ваҳдату субот дар мамлакат мебошад. Аммо вақте ки изҳороти прокурори генералии мамлакатро аз воситаҳои ахбори умум мутолиа намудам, ба андеша афтодам. Рафтори ин ашхосе, ки ба қадри ваҳдату субот нарасида, даст ба хиёнат задаанд, маҳкумшаванда аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки берун аз кишвари мо гурӯҳҳое ҳастанд, ки тинҷию оромии моро намехоҳанд, дар байни мардуми мо тафриқа андохта, мехоҳанд онҳоро ҷанг андозанд. Имрӯз он қисмати аҳолӣ, ки рӯзҳои вазнину хунини мардуми тоҷикро дар ёд дорад, чунин рафтори онҳоро ҷиноят меҳисобанд ва дигар намехоҳанд, ки нооромиҳо боз ба сари мардуми тоҷик бозгарданд. Дар изҳороти прокурори генералӣ оварда шудааст, ки ин шахсони ҷинояткор бо чунин гурӯҳҳои бадхоҳ якҷоя шуда, мехостанд дар кишвар тинҷию оромиро барҳам диҳанд, барои мансабу пули зиёд ба Ватани худ, халқу миллати худ хиёнат кардаанд. Танҳо онҳо як чизро ба назар нагирифтаанд: имрӯз Тоҷикистон кишварест, ки қобилияти ҳимояву истодагарӣ дорад. Боварии мардуми тоҷик ба роҳбари худ — Эмомалӣ Раҳмон қавӣ аст, зеро ӯ на бо сухан, балки бо рафтори худ тавонист мардумро сарҷамъ кунад, аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон онҳоро ба хонаҳои худашон бозгардонад, кишварро ободу аҳолиашро таъмин кунад. Арзиши сулҳу суботро мардуми тоҷик хуб медонад ва онро ба ҳар як ваъдаву фиребҳо аз даст намедиҳад. Ин нукта боз як бор ҳангоми ба таклифи бадхоҳон зид баромадани аҳолӣ исбот гардид, яъне мардуми тоҷикро имрӯз фирефта кардан номумкин аст. Ман ҳамчун корманди давлатӣ, мураббӣ, модар ва фарди ҷомеаи тоҷик ин ҷиноятро маҳкум мекунам ва хурсандам, ки ғаразҳои бадхоҳонаи онҳо пешгирӣ шуд.
Лекин дар ин солҳо як насли нав ба воя расидааст, аксари онҳо он рӯзҳои мудҳишро дар ёд надоранд. Онҳоро фирефта ва гумроҳ намудан осон аст. Бинобар ин, ман зиёиёни кишвар, кормандони идораву муассисаҳои илмӣ, фаъолони маҳалҳову ҷомеаи шаҳрвандиро исроркорона даъват менамоям, ки ба аҳолӣ, хусусан ҷавонон, арзишу қадри ваҳдат, сулҳу суботро тарғиб карда, фаҳмонанд. Аз дастовардҳои Ҳукумати кишвар, нақшаву дурнамои он, ки пеш аз ҳама барои ободиву рушди халқу Тоҷикистон равона шудааст, бештар ба омма расонида шавад.
Раҳматова Д.К.
муов. сардори раёсати
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон