Тайёраҳои ҚҲҲ Австралия бори нахуст мавқеъҳои ДИ — ро мушакборон карданд

Сентябрь 16, 2015 04:29

Душанбе, 16.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайёраҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии  Австралия бори  нахуст  мавқеъҳои  ҷангиёни гурӯҳи  террористии  «Давлати  исломӣ» — ро  дар  қаламрави  Сурия  мушакборон  карданд. Дар  ин  бора  вазири  мудофиаи  кишвар Кевин Эндрюс хабар  дода, зикр  намуд, ки дар  амалиёти қувваҳои  эътилоф  ду тайёраи  қиркунанда  ва бомбаандози «Хорнет» — и  Австралия  ширкат  доштанд. 
Дар  бораи  тасмими Австралия  дар  мавриди  бомбаборон  намудани  мавқеҳои  ДИ  дар  қаламрави  Сурия  рӯзи  чоршанбеи  гузашта хабар  дода шуд. Алҳол ҳашт  тайёра  ва гурӯҳи Қувваҳои ҳарбии  хавоии  Австралия (қариб 400  нафар)  дар  пойгоҳи   низомии Қувваҳои  ҳарбии  ҳавоии Минҳади Аморати  Муттаҳидаи  Араб  қарор  доранд.
12  сентябр  тайёраҳои ҷангии  Австралия   бори  нахуст   сарҳади  хавоии Сурияро  убур  карда, вале дар  он  рӯз  ба  мавқеъҳои душман  ягон  зарбае  назада  буданд. Онҳо   аз  ин  пеш зидди  силоҳбадастони  «Давлати  исломӣ» фақат  дар  қаламрави  Ироқ  мубориза  мебурданд.

 

Сентябрь 16, 2015 04:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид