Тарғиби ғояҳои миллӣ дар ДМИТ
Душанбе, 17.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- 16 сентябр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) вохӯрии устодону донишҷӯён бо муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зафар Гулов, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ Шарифмурод Исрофилниё, муовини ректори ДМИТ оид ба равобити байналмилалӣ Баҳром Сафаров ва директори муассисаи таҳсилоти умумии №57 шаҳри Душанбе Кӯлобӣ Раҷабова сурат гирифт.
Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ Шарифмурод Исрофилниё зикр намуд, ки ҳадафи аосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва оромиву осудагии фазои кишвар мебошад. Боиси таассуф аст, ки дар сафи ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» ҷавонони тоҷик ҳам меҷанганд. Мусаллам аст, ки ин қабил ҷавонон аз надоштани ифтихори миллӣ, ҳисси миллӣ ва дониши кофии динию дунявӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мо ҳушёрии сиёсиро аз даст надодан аст.
Аз таърихи дини ислом ҳарф зада, мавсуф таъкид намуд, ки худи пайдоиши равияи ваҳҳобия кори дасти хориҷиён буда, барои даст ёфтан ба сарватҳои зеризаминӣ, тақсим кардани олами араб ва нифоқ андохтан байни мусалмонон рӯи кор омадааст. Ҳар як нафаре, ки имрӯз даъвои ҷиҳод ва ё шаҳодат карда, одамонро зинда ба зинда месӯзонаду сар мебурад, ба зану кӯдакон раҳме надорад, аз асолати ислом фарсахҳо дур буда, ягон кирдораш ба оини мусалмонӣ рост намеояд.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода доир ба вазъи кунунии кишвар ва рӯйдодҳои охир ибрози андеша карда, афзуд, ки ин хоинони миллат ва ватанфурӯшон бо ин амали нангин фазои ороми кишвар ва дар баробари ин фазои сармоягузории онро вайрон карданӣ буданд. Онҳо суботу рушди кишварро дида натавониста, ба дасисабозӣ даст заданд. Хиёнати хоинони Ватан нобахшиданист.
— Имрӯзҳо вазифаи ҳар як нафари мо ин ватандӯст будан, эътироф кардани арзишҳои миллӣ, устувор нигоҳ доштани сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ ва мусоидат ба рушди босуботи кишвар мебошад, — илова кард ректор.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






