Ташаббусҳои қонунгузорӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ нигаронида шудаанд
Душанбе, 14.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ташаббусҳои қонунгузории вакилон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, инчунин таҳкими иқтидори давлат ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардум нигаронида шудаанд»,- зикр шуд зимни мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода, Тоҳир Ҷобирзода, Қиёмиддини Миралиён, Анвар Тағоймуродов ва Бахтовар Сафаров бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва шаҳрҳои Сарбанду Қурғонтеппа.
Вакилон дар мулоқоташон бо мардум доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар сухан карданд. Зикр шуд, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист иҷрои барномаҳои қабулгардида ва рушди тадриҷии иқтисоди миллиро дар ҳафт соли охир таъмин намояд.
Вакилон дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои интихобкунандагон посухҳои мушаххас доданд. Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар дигар минтақаҳои кишвар то 18 сентябр идома меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






