Тоҷикистону Ҷопон дар Бадахшон се лоиҳаи навро амалӣ месозанд
Душанбе, 30.09.15. (АМИТ «Ховар»). Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада ва намояндагони ваколатдори се созмони мададгор се лоиҳаи навро ба имзо расониданд, ки Ҷопон барои дар амал татбиқ шудани онҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо мекунад.
Аз ҷумла, барои татбиқи «Лоиҳаи таъмини ноҳияи Ванҷ бо техникаи соҳаи кишоварзӣ ва роҳсозӣ» ҷудо намудани 90 ҳазору 950 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаро раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ Давлатбибӣ Раҷабова имзо намуд.
«Лоиҳаи беҳдошти низоми обёрии деҳаҳои Миденшор ва Хосеи ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон» — ро ба маблағи умумии 90 ҳазору 110 доллари ИМА раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев ба имзо расонид.
Раиси ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Юсуф Султонноёбов «Лоиҳаи таҷдиди роҳҳои деҳаҳои Хичих ва Синдеви ноҳияи Роштқалъа» — ро имзо намуд, ки арзиши он 90 ҳазору 203 доллари ИМА ро ташкил медиҳад.
Кӯмаки бебозгашти лоиҳаҳои амнияти гуманитарӣ барои табақаҳои васеи аҳолӣ асосан ба ҳукуматҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таҳсилотию тиббӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ расонида мешавад.
Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб 346 лоиҳаи гуманитариро ба маблағи умумии 28 миллион доллари ИМА дастгирӣ намудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






