Ҳушдори Абдуррашид Дустум оид ба ДИИШ

Сентябрь 4, 2015 11:04

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Муовини аввали Раиси ҷумҳури Афғонистон Абдуррашид Дустум гуфтааст: «ДИИШ на танҳо барои Афғонистон, балки барои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз, аз ҷумла ҷамоҳири Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳам тарҳу барнома дорад».
Тибқи иттилои хабаргузории «Афғонистон.ру», Абдуррашид Дустум ҳушдор додааст, ки ДИИШ мехоҳад корҳоеро, ки дар Сурия ва Ироқ анҷом додааст, дар ин кишварҳо ҳам анҷом диҳад. Коршиноси Озарбойҷон Арастун Оруджлу  низ бо ишора ба суханони муовини аввали Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар бораи таҳдидоти ДИИШ ва толибон барои минтақаи Қафқоз, бавижа Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: «Беш аз ҳазор нафар аз атбои ин ҷумҳурӣ аъзои  гурӯҳҳои такфирӣ ҳастанд. Бинобар ин интизор меравад давлати Боку дар муқобила бо ин масъала тасмими ҷиддӣ бигирад». 
Зимни ин чанд рӯз пеш панҷ табааи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҷурми мушорикат дар ҷанги Сурия ва узвият дар гурӯҳҳои террористӣ — такфирӣ дар ин кишвар ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шуданд. 

Сентябрь 4, 2015 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад