Ватандўстӣ як пояи имондорист
Душанбе, 26.09.2015. (АМИТ «Ховар»,). -Ҳодисаҳои охири вобаста ба амалҳои гурўҳи террористӣ таҳти сарварии Абдуҳалим Назарзодаро тамоми аҳли ҷомеаи Тоҷикистон маҳкум менамоянд. Гувоҳи ин гуфтаҳо изҳороту баёнияҳои табақаҳои гуногуни аҳолист, ки тавассути воситаҳои ахбори омма интишор меёбанд ё зимни нишастҳои алоҳида дар ҷомеаҳои меҳнатӣ садо дода истодаанд.
Аз нигоҳи мантиқ ва ақли солим даст задан ба чунин кирдори ҷинояткорона хилофи ҳама гуна пиндори нек ва хиради азалии инсонӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили дарк ва бахшиш нест, зеро амале, ки ба халалдор намудани фазои ҳамзистии осоиштаи аҳли ҷомеа нигаронида шудаву пайомади он ба ҷуз ҳалокати одамони бегуноҳ чизи дигар нест, танҳо аз ҷониби афроди ғаразпеша, бадният ва моҷароҷуву даҳшатфикан содир мешавад.
Дар ҳолате, ки А. Назарзода — собиқ размандаи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик худ талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро пазируфта, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда буд ва солҳои зиёд дар вазифаҳои масъул дар Вазорати мудофиаи кишвар фаъолият дошт, бо вуҷуди ин ба чунин иқдоми ноҷавонмардона даст зад, ки чеҳраи воқеии ўро ошкор сохт.
Чунин аъмоли зишт, ки ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналхалқӣ латма мезанад, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби қишри солимақли башарият маҳкум хоҳад гардид.
Инсоният дар тўли мавҷудияти худ ҳама гуна нофаҳмиву ихтилоф ва мушкилоту муаммои замонро бо такя ба усули мусолиҳа, бо нигоҳ доштани фазои амнияту субот ҳал намудааст. Роҳҳои мусаллаҳона ва ҷинояткоронаи расидан ба мақсад ба нокомӣ анҷом пазируфта, афроде, ки чунин роҳи пурхатарро пеш мегиранд, дар ниҳояти кор қурбони дассисаи оғозкардаи худ мегарданд.
Мусаллам аст, ки сулҳу суботи имрўзаи Тоҷикистон ба ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид халқи тоҷик талошу кўшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, даврони мушкили авзои иқтисодиву иҷтимоиро паси сар карда, рўзҳои даҳшатноку фоҷиаборро сипарӣ намуда, фазои орому зиндагии осоиштаро асос гузоштааст. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ басо намоёну бузург аст, ки ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид.
Нодида гирифтани чунин хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, пос надоштани арзишҳои муқаддаси соҳибистиқлолии давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби саркардаи гурўҳи террористии А. Назарзода ва ҳаммаслакони ў рўй дод, амали баръало равшани носипосӣ ва ношукрист. Дар ҳоле, ки аз Ватан ношукрӣ кардан гуноҳ буда, ватандўстӣ як пояи имондорист.
Миллати сарбаланд ва куҳанбунёду бофарҳанги тоҷик кирдори разилонаи чунин ашхоси худношиносро шадидан маҳкум карда, онро ба табиати инсонӣ, аҳкоми шариати исломӣ ва ахлоқу фазилати ҳамида бегона ва мухолиф медонад. Тавре ки Сарвари давлат басо нуктабинона дар яке аз баромадҳо таъкид намуд: «Дар тўли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан — модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Хусусан мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурўҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунанд.»
Воқеият нишон дод, ки афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносиву садоқати касбӣ тавону таҷрибаи онро доранд, ки барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва пойдории амнияту осоиштагӣ дилхоҳ неруи террористиро нобуд сохта, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқиро таъмин намоянд.
Он гунае, ки дар яке аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: «Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Дар марҳалаи имрўза мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рўҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон фаъолият намоем.»
Қарзи шаҳрвандӣ, омили муттаҳидӣ, садоқати ватандорӣ ва ойини давлатдорӣ он аст, ки ба қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хоки ин сарзамини биҳиштосо расида, истиқлолияти давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳо арҷ гузошта, садоқат ба Ватан ва ватандўстии хешро бо кору амали созанда ва ободгароёна қувват бахшем.
Аз ин нигоҳ, мо аъзои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмони меҳанпараст, мактаби ҷасорату мардонагӣ, ҷамъияти мудофиавӣ, боргоҳи касбу ҳунар ва захираи эҳтиётии Артиш мебошаду дар ҷодаи тарбияи тодаъватӣ, ташкилу гузаронидани тадбирҳои оммавӣ — мудофиавӣ ва тарбияи ҳарбӣ — ватандўстӣ пешсафу пешоҳанг асту самтҳои оинномавии фаъолияти он ба таҳкими иқтидори мудофиавии давлати мустақиламон нигаронида шудаанд, амали хиёнаткорона ва хунини анҷомдодаи гурўҳи террористии Абдуҳалим Назарзодаро маҳкум намуда, аз ҳамватанони гиромӣ даъват ба амал меоварем, ки зери Парчами сулҳу ягонагӣ ва ҳамраъйиву муттаҳидӣ сарҷамъ гардида, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, доимо дар арсаи амали созандаву бунёдкорона ба хотири фардои боз ҳам дурахшонтари Ватани аҷдодӣ пайи заҳмати содиқонаву ватандўстона бошанд.
Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии
мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон