Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт

Сентябрь 11, 2015 13:10

Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳю Стэнли Филпоттро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дурнамои рушди минтақа, аз ҷумла чорабинии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи  байналмилалии амалиёти  “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки ҷониби Тоҷикистон  дар чаҳорчӯби ҳамоиши навбатии СММ  рӯзи 27 сентябри  соли равон дар ш. Ню-Йорк баргузор менамояд,  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сентябрь 11, 2015 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш