Ёрии ҳукумати Британияи Кабир ба осебдидагони вилояти Бадахшон

Сентябрь 18, 2015 05:35

Душанбе, 18.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати Британияи  Кабир,  аз ҷумла Вазорати  рушди байналмилалӣ  барои аҳолии  ноҳияҳои  вилояти  Бадахшони  Тоҷикистон, ки бар  асари  обхезӣ ва фуромадани  ярч  осеб  дидаанд,  чун ёрии  башардӯстона  217  ҳазор  доллари  ИМА  пешниҳод  кард. Ҳамзамон  Вазорати  рушди байналмилалӣ  барои ташкили  «Ёрии башардӯстонаи  Фокус» — и  намояндагии Хазинаи Оғохон  147 ҳазор  доллар  ҷудо  кардааст,  ки  он  барои  пурра  гардонидани  захираҳои  таъҷилӣ,  арзёбии  хавфи  обхезиҳои  эҳтимолӣ ва сохтмони  канал  барои  ба  самти  дигар   равона  сохтани   оби   кӯли сунъӣ истифода  мешавад.
Ёрии  башардӯстона  имкон  медиҳад, ки   ба садҳо оила  (тахминан 600 нафар)  ёрӣ расонида,  вазъи  кӯл аз  нигоҳи батиметрӣ ба  навор  гирифта  шавад. Поккории  канал  ҳамчунин  ба 1300  нафар  сокинони 20  деҳаи  поёноб  ва  шаҳри  Хоруғ   имкон  медиҳад, ки  аз  обхезиҳои  эҳтимолӣ  раҳо  ёбанд.  Тоҷикистон дар  ҳошияи ҳамкорӣ  бо ЮНИСЕФ ва Вазорати рушди  байналмилалии Британияи  Кабир  аз ёрии башардӯстонаи вазорати  зикршуда  баробари  71  ҳазор  доллар бархӯрдор  шудааст.

Сентябрь 18, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад