Ёвон: таъмири асосии 1,8 км роҳи мошингард
Ёвон, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон 224,6 км роҳҳои мошингардро нигоҳдорӣ ва таъмир менамояд, ки аз ин 70,8 км роҳ аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, 70,8 км роҳҳои асфалту бетонӣ ва 153,8 км роҳҳо дорои аҳамияти маҳалӣ мебошанд.
Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард ба муассисаи мазкур дар ин муддат аз буҷаи маҳаллӣ 330 ҳазор ва аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 163 ҳазор сомонӣ пардохт гардида, бо истифода аз ин маблағ 910 тонна омехтаи мумқир тайёр ва 150 тонна асфалт харид шудааст.
Дар 52 км роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ корҳои таъмири ҷорӣ ва дар 1,8 км таъмири асосӣ гузаронида шуданд. Инчунин дар ин давра дар ҳаҷми 1560 метри квадратӣ корҳои тоза намудани қубурҳои об ва селпарто гузаронида шуда, 37 аломати роҳ аз нав таъмир ва иваз карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






