Юрий Ушаков: «Русия омода аст ба Тоҷикистон кумак кунад»
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Русия омода аст, ки ба Тоҷикистон кумак ва аз ҷиҳати сиёсӣ пуштибонӣ кунад», — ин нуктаро Юрий Ушаков, ёвари Президенти Федератсияи Русия 11 сентябр зимни нишасти матбуотӣ дар Маскав баён дошт. Бино ба иттилои Ушаков Президенти Русия Владимир Путин зимни сафари худ ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. «Дар мулоқоти рӯ ба рӯи сарони ду давлат Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ҳаводиси охир дар Тоҷикистон баррасӣ мешаванд», — гуфт ёвари Президенти Русия. Маврид ба ёдоварист, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад, ки дар он сарони кишварҳои узви ин созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






