4,6 миллиард сомонӣ барои таъмини пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар мадди назари доимии Роҳбари давлат қарор дошта, барои таъмини пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят ва иҷрои барномаҳои минтақавии рушд дар буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 – 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 4,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора 21 октябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд иттилоъ дод.
Президенти мамлакат афзуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ баҳри пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдаст ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд додашуда дар ҳашт моҳи соли равон 2,1 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.
“Танҳо соли гузашта ҷиҳати дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар вилоят 1,7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 56 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2005 10 баробар зиёд мебошад”, — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
Дар иртибот ба ин, ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат тавсия дода шуд, ки минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати рушди низоми бонкӣ равона сохта, доир ба соддагардонии расмиёти қарздиҳӣ, афзунсозии маблағгузориҳои қарзӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ чораҳои зарурӣ андешанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






