767 вохӯрии Хадамоти муҳоҷират бо шаҳрвандони кишвар
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ кормандони масъули раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 767 вохӯрӣ бо ҷалби 65 ҳазору 742 нафар гузаронида, масъалаи омодагӣ барои кор дар хориҷи кишварро фаҳмониданд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 55 вохӯрӣ бо иштироки 5722 нафар, вилояти Суғд 97 вохӯрӣ бо иштироки 13 ҳазору 327 нафар, вилояти Хатлон 238 вохӯрӣ бо иштироки 14 ҳазору 123 нафар, шаҳри Душанбе 145 вохӯрӣ бо иштироки 9105 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 218 вохӯрӣ бо иштироки 18 ҳазору 465 нафар гузаронида шуданд.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират ҳадафи ин вохӯриҳо- пеш аз ҳама, фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлатии Федератсияи Русия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани Патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятию эпидемиологӣ, расонидани кумакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, нигоҳ доштани оила ва пос доштани асолати он, инчунин риояи нангу номус ва одоби тоҷикона, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, миллию суннатӣ ва баргузории ҷашнҳои давлатию миллӣ мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ба дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавии Хадамоти муҳоҷират афзудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






