А.Абдулло: Афғонистон ёрии Русия дар мубориза бар зидди терроризмро қабул дорад
Душанбе, 16.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи якшанбеи гузашта раиси ҳокимияти иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло изҳор дошт, ки Афғонистон ёрии Русия дар мубориза бар зидди терроризмро қабул дорад.
Абдулло Абдулло зимни суханронӣ дар нишгасти матбуотӣ дар шаҳри Кобул изҳор дошт, ки Афғонистон тайи 14 соли охир бар зидди терроризм мубориза бурда ва ба қабули ёрии ҳар кишвар тайёр аст.
«Агар ягон кишваре дар ҷанг бар зидди терроризм ба Афғонистон ёрӣ расониданӣ бошад, мо ин пешниҳодро мепазирем», — гуфт раиси ҳокимияти иҷроия.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Маскав конфронси байналмилалӣ бахшида ба масоили Афғонистон баргузор гардида, дар ҷараёни он намояндагони ҳар ду кишвар аҳд карданд, ки барои афзун намудани самараи амалиётҳои зидди «Давлати исломӣ» ирсоли чархболҳои ҷангии МИ — 35 Русия ба Афғонистон аз нав давом дода шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






