А. Иброҳим: Масъалаҳои мустаҳкамкунии соҳил ба касбият вобастагӣ доранд

Октябрь 15, 2015 12:48

Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазир Азим Иброҳим дар якҷоягӣ бо роҳбарон ва мутахассисони Агентии беҳдошти замин 7 октябри соли равон бо сафари корӣ доир ба омўзиши ҳолати омодагии корҳои мустаҳкамкунии соҳил дар яке аз мавзеъҳои осебпазири кишвар- дар ноҳияи Ҳамадонӣ қарор доштанд.
Баъди азназаргузаронии мавзеъҳои осебпазири ноҳияи Ҳамадонӣ дар сарбанди обгирандаи канали «Чубек» бо иштироки намояндагони масъули ҷумҳуриявию минтақавӣ ҷаласаи кории сайёр баргузор гардид.   Раиси Агентии беҳдошти замин иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ бар асари баланд гардидани  ҳарорати ҳаво, ҳаҷми оби дарёи Панҷ то ба 4400-4800 метри мукааб дар як сония расида буд. Бо назардошти омодагии қаблӣ ва бо мақсади эмин нигоҳ доштани сарбанди обгиранда ва заминҳои назди соҳили дарёи Панҷ, корҳои банақшагирифташуда иҷро гардиданд, ки дар натиҷа хатари эҳтимолии хисороти хоҷагии халқи ноҳия аз баландшавии сатҳи оби дарёи Панҷ дар мавсими баҳору тобистони соли ҷорӣ пешгирӣ карда шуд. 
Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини соҳа  дастур дод, ки бо мақсади дуруст муайян намудани таркиби ҷойгиршавии ҷинсҳои замин дар мавзеи осебпазир, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор як ё ду адад чоҳи таҷрибавиро дар сарбанди обгирандаи канали Чубек парма кунанд ва вобаста ба натиҷаҳои ба дастомада барои анҷом додани корҳои мустаҳкамкунии соҳил тадбирҳои иловагӣ андешанд. 
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳалли муҳандисии корҳои мустаҳкамкунии соҳил дар чунин шароит бо назардошти ҳисобҳои гидравликӣ, натиҷаҳои корҳои геофизикию геологӣ, гидрогеологию гидрологӣ метавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад. 

 

Октябрь 15, 2015 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ