A. Зуев: Тоҷикистон намунаи хуб дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола барои бисёре аз кишварҳо аст
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — «Мақсадҳои ҷаҳонии рушди ҳазорсола дар ҳамаи нақшаҳои миллӣ ва стратегияи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, Тоҷикистон барои бисёре аз кишварҳои дигар намунаи хуб нишон дод», — гуфт ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ« Ховар ».
Бино ба гуфтаи А.Зуев барои инъикоси ҳадафҳои байналмилалӣ СММ бо баъзе кишварҳо музокироти тӯлонӣ мекард. Дар Тоҷикистон чунин душворӣ вуҷуд надошт.
«Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тамоми масъалаҳо зич ҳамкорӣ дорем. Ба андешаи ман натиҷаи ин ҳамкорӣ самараи хуб дод. Дар иҷрои нақшаҳои миллӣ ва стратегияҳои рушди иқтисодӣ ин ҳамкорӣ барои Тоҷикистон манфиатбахш аст», — гуфт А. Зуев.
Бино ба иттилои ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари ҳадафҳои асосии ҳазорсоларо иҷро кардааст. Яке аз ин мақсадҳо паст кардани сатҳи камбизоатӣ буд.
«Ба фикри ман, ин вазифаро Тоҷикистон бомуваффақият ба сомон расонид, зеро сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас кам шуд. Ҳадафҳои рушди байналмилалӣ тавсиа медоданд, ки сатҳи камбизоатӣ то ду маротиба паст карда шавад, вале Тоҷикистон ин нишондиҳандаро бештар иҷро карда, ба муваффақият ноил шуд», — гуфт А. Зуев.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, коҳиши назарраси бемориҳо ва фавти кӯдаконро низ набояд аз мадди назар дур монд. Дар ин давра вобаста ба мубориза бо ВИЧ-СПИД ва бемории сил корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар давоми 10 соли охири ҳамкории Тоҷикистон бо СММ бемории вараҷа пурра бартараф карда шуд.
«Қатъиян метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон бемории вараҷа вуҷуд надорад. Албатта, ҳастанд мавридҳои ошкори ин беморӣ, вале инҳо ҳолатҳои инфиродӣ мебошанд»,- гуфт дар хотима Александ Зуев.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






