Қайроққум: нишондиҳандаҳои истеҳсолии фабрикаи заршӯии «Апрелевка» афзун мегарданд
Суғд, 31.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Баҳри афзунгардонии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулот дирӯз дар фабрикаи заршӯии ҶМ ТКММ «Апрелевка»-и шаҳраки Консои шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд хатти нави дастгоҳи асосии технологии дуюм васл шуд.
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода зимни оғози расмӣ хатти истеҳсолии нав баён дошт, мақсад аз иловатан васл намудани боз 2 чалаки нави ҳаҷми ҳар яктоаш 180 м3 , ки барои сохтан ва васли ин чалакҳо 1 млн. 100 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст, ин афзун намудани самаранокии фаъолияти истеҳсолии коргоҳ ва зиёд намудани баҳрабардории металлҳою маъданҳои сулфидноки кони Бургунда дар фабрикаи заршӯии ҶМ ТКММ «Апрелевка» буда, иқдоми мазкур барои дароз кардани ҷараёни ишқорронӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии металл равона шудааст.
Ба гуфти раиси шаҳр, бо ба истифода додани 2 чалаки ишқорронӣ, вақти ишқорронӣ аз муҳлати нақшавии 24 соат то 72 соат расонида шуда, бо хароҷоти на он қадар зиёди сианиди натрий, ҳосилнокии тилло ба 8% ва нуқра ба 13% афзун хоҳад гардид.
Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки коркарди маъдан дар ҳолати паст шудан ба 700-750 тонна дар як шабонарӯз расонида шавад. Дар ифодаи асл нишондиҳандаҳои ҳосилнокии тилло иловатан ба 40 кг. ва нуқра 260 кг. дар як сол афзуда, он имкон медиҳад,то корхона ҳаҷми истеҳсолотро ба 1 миллиону 620 ҳазор доллари ИМА зиёд намояд.
Бояд гуфт, ки фабрикаи заршӯии ҶМ ТКММ «Апрелевка» бо ваҷҳи фарсудагии таҷҳизот ва хатти технологӣ то соли 2001 аз фаъолият бозмонда буд. Танҳо, баъди таҷдиду ворид кардани хатҳои замонавии коркарди маъдан, корхона аз нав ба кор шуруъ карда, дар он коркарди маъдани тиллою нуқрадор роҳандозӣ шуд. Алъон бо насби хатти нави истеҳсолӣ дар коргоҳ иловатан боз 10 ҷойи кор таъсис дода шуда, дар умум дар коргоҳи мазкур 153 нафар бо кори доимӣ таъмин буда, аз инҳо 22 нафарашро бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






