Ҷалби сармоя — дастовардҳо ва монеаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Душанбе 14 октябр Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рўзи соҳибкор» баргузор мегардад.
Форум барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, навгониҳое, ки дар фазои сармоягузории мамлакат ба вуҷуд омадаанд, ба роҳ мондани ҳамкории мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард.
Форум дар толорҳои Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳида сурат гирифта, дар он масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ мегарданд.
Дар назар аст, ки дар бахши якуми Форум Ҷалби сармоя — дастовардҳо ва монеаҳо масъалаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: рў ба сўи соҳибкорӣ, давлат барои ҳамкорӣ ва шарикӣ, истифодаи афзалиятҳои рақобатпазирӣ, тадбирҳо барои дастгирии соҳибкорону сармоягузорон дар шароити буҳронӣ, ҳамкории минтақаваӣ — истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳибкориву сармоягузорӣ баррасӣ гарданд. Бахши мазкур таҳти сарварии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода доир гардида, мавзуъҳои пешниҳодшуда ба таври васеъ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.
Хотиррасон мекунем, ки дар арафаи баргузории форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла 8 октябри соли ҷорӣ мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон, 12 октябр Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9-10 октябр Анҷумани байналмиллалии иқтисодии «Иқтидори минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ дар рушди минтақаҳо», аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябр Конфронси минтақвии «Имкониятҳои туристии мамлакат», аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 октябр Мизи мудаввари «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» ва 8 октябр аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои корӣ» доир шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






