Ҳалокати 40 силоҳбадаст аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия
Душанбе, 07.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба маҳаллаи Суҳни воқеъ дар 28 километрии шаҳри Палмира аз 35 то 40 нафар силоҳбадастони «Давлати исломӣ» нест карда шуданд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймоҳо ситоди силоҳбадастон, ки анбори лавозимоти ҳарбӣ ва корхонаи пинҳонии тавлиди маводи тарканда дар он ҷо воқеанд, нест карда шуд.
Аз давраи оғози амалиёти ҳарбии ҳавопаймоҳои Русия дар Сурия, яъне аз 30 сентябр, ин хабари аввалине дар бораи ҳалокати силоҳбадастони «Давлати исломӣ» мебошад. Вазорати мудофиа дар лаҳзаи омодасозии мавод ин иттилоотро шарҳ надод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






