Ҳамкории БМТ бо СМВК Европа лтд
Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). -Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 24 октябр бо Масихико Ошима — директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд (СМВК Европа лтд) мулоқот доир намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ, аз ҷумла қурби асъори миллӣ, тавозуни пардохт, сатҳи таваррум шинос намуда, изҳор дошт, ки бо вуҷуди идома ёфтани буҳрони иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли равон 6,2 фоизро ташкил намуд, сатҳи таваррум ба 3,6 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ паст аст. Ҳамчунин дар ин давра ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар ташкилоти қарзӣ ба андозаи 22 фоиз зиёд шуд. Маблағҳои қарзие, ки аз ҷониби бонкҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, корхонаҳо ва соҳибкороне, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил менамоянд, дода шудаанд, хеле афзуданд. Номбурда дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки чун дар дигар давлатҳои олам дар натиҷаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилот ба миён омадаанд ва барои бартараф намудани онҳо моро зарур аст, ки доираи ҳамкории байналхалқии худро васеъ намуда, кумаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем.
Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти технологияҳои информатсионӣ бо СМВК Европа лтд ҳавасманд мебошад.
Директори генералии бонки Сумитомо Митсуи Бэнкинг Корпорэйшен Европа лтд Масихико Ошима бо хушнудӣ изҳор намуд, ки ин рӯз барои ӯ ҳамчун рӯзи махсус, яъне оғози ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷаноби Масихико Ошима иброз дошт, ки умедвор аст минбаъд бонки онҳо дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон ва низоми бонкии он саҳми худро хоҳад гузошт.
Номбурда омодагии хешро дар расонидани дастгирии техникӣ дар бахши технологияҳои информатсионӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси соҳаи бонкӣ ва оғоз намудани ҳамкории дуҷониба бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон баён намуд.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






