Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор ва «Имон-Интернэшнл» занонро ба тиҷорат ҷалб мекунанд
Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Малика Мирзобаҳодурова — муовини директори генералии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон оид ба фаъолияти Ассотсиатсияи мазкур зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» чунин изҳор кард:
Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон 20 сол қабл таъсис дода шудааст. Ин ташкилоти ҷамъиятиест, ки мақсади асосии он пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон мебошад. Дар давоми 20 соли фаъолият Ассотсиатсия зиёда аз 65 лоиҳаро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат, мақомоту кумитаҳои ватанӣ, ташкилоти байналхалқӣ ва бизнес-ассотсиатсияҳо амалӣ кардааст. Мехоҳам зикр кунам, ки Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ғайр аз иҷрои лоиҳаҳо боз бо як зумра ташаббусҳои дигар баромад кардааст, ки боз ҳам бо дастгирии ҳуқумат ва шарикони тиҷоратӣ муваффақона амалӣ шудаанд. Яке аз ин ташаббус- ин гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин бонуи соҳибкори сол» — ҷоизаи «Фараҳ» мебошад. Ин озмун дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва мақсади асосии озмун муайян намудан, қадрдонӣ кардан ва ба ҷомеа муаррифӣ намудани занҳои соҳибкори беҳтарин ва муваффақи ҷумҳурӣ мебошад.
Гуфтанӣ ҳастам, ки Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар чандин бахшҳо фаъолият мекунад. Аз ҷумла, дастгирии занҳои соҳибкор ва дастгирии занҳои ҳунарманд. Бояд гӯям, ки ҳунарҳои миллӣ аз сарчашмаҳои ба даст даровардани даромад барои занони деҳот мебошад. Бо ин мақсад мо бо чунин занон машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронем ва бо онҳо ҳамкории худро аллакай дар сатҳи баландтар идома медиҳем. Чунончӣ, дар заминаи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ташкилоти «Озара» таъсис дода шуд, ки он бо занони ҳунарманд фаъолият бурда, онҳоро бо фармоиш таъмин мекунад. Баъд аз он ки занони ҳунарманд маҳсулоти худро истеҳсол мекунанд, ташкилоти «Озара» маҳсулоти тайёрро харидорӣ мекунад ва онро ба бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ мебарорад.
«Чунин фаъолият баҳри дастгирии занони деҳотии хонанишини ҳунарманд равона шудааст, ки онҳо ба ин васила даромади молиявӣ дошта бошанд», — гуфт Малика Мирзобаҳодурова ва илова кард, ки: «Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат фаъолият мебарад».
Илова ба ин имсол дар чорчӯбаи лоиҳаи «Васеъкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодии занон», ки дар ҳамкорӣ бо Агентии рушди ИМА, дастгирии ҳукумати вилояти Хатлон, раёсати вилоятии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, фаъолияти Ассотсиатсия дар калонтарин вилояти ҷумҳурӣ — Хатлон роҳандозӣ шуд. Мақсад аз амалисозии ин лоиҳа ҷалб кардани занони бекор ва хонанишин ба соҳаи тиҷорат ва соҳибкорӣ ба тариқи тренингу омӯзишҳо мебошад.
Оид ба ҳамкории Ассотсиатсия бо бонкҳои ҷумҳурӣ М.Мирзобаҳодурова гуфт, ки бузургтарин муваффақияти Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон 15 сол пеш таъсис додани ташкилоти амонатӣ — қарздиҳии хурди «Имон-Интернэшнл» мебошад. Ин ташкилоти бонкии муваффақ ҳоло яке аз шарикони асосии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон мебошад. Ассотсиатсия дар гузаронидани бештари чорабиниҳо бо ин ташкилот ҳамкории мутақобиларо роҳандозӣ мекунад. Аз ҷумла, мутахассисони «Имон-Интернэшнл» ҳамчун тренерони Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ассотсиатсия дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бизнес-тренингҳо мегузаронад, ки дар ҷараёни он мутахассисони ташкилоти амонатӣ-қарздиҳии «Имон-Интернэшнл» ба занони бекор дар таҳияи бизнес-нақша, пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ маслиҳату машварат дода, баъд аз гузаштани давраи омӯзишӣ ба ин занон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






