Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор ва «Имон-Интернэшнл» занонро ба тиҷорат ҷалб мекунанд

Октябрь 13, 2015 04:52

Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Малика Мирзобаҳодурова — муовини директори генералии  Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон  оид ба фаъолияти Ассотсиатсияи мазкур зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» чунин изҳор кард:
Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон 20 сол қабл таъсис дода шудааст. Ин ташкилоти ҷамъиятиест, ки мақсади асосии он пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон мебошад. Дар давоми 20 соли фаъолият Ассотсиатсия зиёда аз 65 лоиҳаро дар ҳамкорӣ бо  шарикони рушд, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат, мақомоту кумитаҳои ватанӣ, ташкилоти байналхалқӣ  ва бизнес-ассотсиатсияҳо амалӣ кардааст. Мехоҳам зикр кунам, ки Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ғайр аз иҷрои лоиҳаҳо боз бо як зумра ташаббусҳои дигар баромад кардааст, ки боз ҳам бо дастгирии ҳуқумат ва шарикони тиҷоратӣ муваффақона амалӣ шудаанд. Яке аз ин ташаббус- ин гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин бонуи соҳибкори сол» — ҷоизаи «Фараҳ» мебошад. Ин озмун дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва мақсади асосии озмун муайян намудан, қадрдонӣ кардан ва ба ҷомеа муаррифӣ намудани занҳои соҳибкори беҳтарин ва муваффақи ҷумҳурӣ мебошад. 
Гуфтанӣ ҳастам, ки Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар чандин бахшҳо фаъолият мекунад. Аз ҷумла, дастгирии занҳои соҳибкор ва дастгирии занҳои ҳунарманд. Бояд гӯям, ки ҳунарҳои миллӣ аз сарчашмаҳои ба даст даровардани даромад барои занони деҳот мебошад. Бо ин мақсад мо бо чунин занон машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронем ва бо онҳо ҳамкории худро аллакай дар сатҳи баландтар идома медиҳем. Чунончӣ, дар заминаи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ташкилоти «Озара» таъсис дода шуд, ки он бо занони ҳунарманд фаъолият бурда, онҳоро бо фармоиш таъмин мекунад. Баъд аз он ки занони ҳунарманд маҳсулоти худро истеҳсол мекунанд, ташкилоти «Озара» маҳсулоти тайёрро харидорӣ мекунад ва онро ба бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ мебарорад. 
«Чунин фаъолият баҳри дастгирии занони деҳотии хонанишини ҳунарманд равона шудааст, ки онҳо ба ин васила даромади молиявӣ дошта бошанд», — гуфт Малика Мирзобаҳодурова ва илова кард, ки: «Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат фаъолият мебарад».
 Илова ба ин имсол дар чорчӯбаи лоиҳаи «Васеъкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодии занон», ки дар ҳамкорӣ бо Агентии рушди ИМА, дастгирии ҳукумати вилояти Хатлон, раёсати вилоятии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, фаъолияти Ассотсиатсия дар калонтарин вилояти ҷумҳурӣ —  Хатлон роҳандозӣ  шуд. Мақсад аз амалисозии ин лоиҳа ҷалб кардани занони бекор ва хонанишин ба соҳаи тиҷорат ва соҳибкорӣ ба тариқи тренингу омӯзишҳо мебошад. 
Оид ба ҳамкории Ассотсиатсия бо бонкҳои ҷумҳурӣ М.Мирзобаҳодурова гуфт, ки бузургтарин муваффақияти Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон 15 сол пеш таъсис додани ташкилоти амонатӣ — қарздиҳии хурди «Имон-Интернэшнл» мебошад. Ин ташкилоти бонкии муваффақ ҳоло яке аз шарикони асосии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон мебошад. Ассотсиатсия дар гузаронидани бештари чорабиниҳо бо ин ташкилот ҳамкории мутақобиларо роҳандозӣ мекунад. Аз ҷумла, мутахассисони «Имон-Интернэшнл» ҳамчун тренерони Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ассотсиатсия дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бизнес-тренингҳо мегузаронад, ки дар ҷараёни он мутахассисони ташкилоти амонатӣ-қарздиҳии «Имон-Интернэшнл» ба занони бекор дар таҳияи бизнес-нақша, пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ маслиҳату машварат дода, баъд аз гузаштани давраи омӯзишӣ ба ин занон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мешавад.

Октябрь 13, 2015 04:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд