Ҳавопаймоҳои амрикоӣ 50 тонна аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ барои мухолифони давлати Сурия ирсол кардаанд
Душанбе, 13.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бино бар гузориши шабакаи телевизионии «Алҷадид»-и Лубнон, сухангўи Вазорати дифои Амрико эълом кард, ки ҳавопаймоҳои Си 17-и артиши Амрико бо ҳимояти ҷетҳои ин кишвар бастаи шомили силоҳу муҳимот ва бомбаҳои дастиро шаби якшанбе дар минтақаҳои мухталифи вилояти Ҳасака дар шимоли Сурия ирсол кардаанд. Бино бар ин гузориш ин маҳмулаҳои аслиҳа дар манотиқи таҳти ихтиёри гурўҳҳои мухолифи давлати Башор Асад фуруд омадаанд. Дар ҳамин робита Абумаоз, сухангўи гурўҳи мавсуф ба фидоиёни «Раққа» пеш аз ин аз мувофиқати Вашингтон барои ирсоли силоҳ ба гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилояти Раққа хабар дода буданд.
Ин дар ҳолест, ки мақомҳои Вазорати дифоъи амрикоӣ моҳи гузашта тасдиқ карданд, ки пайкорҷўёни омўзишдида тавассути ин кишвар, ки барои ҷангидан бо террористҳои ДИИШ ба Сурия равон шуда буданд, қисме аз силоҳҳо ва таҷҳизоти худро ба гурўҳи «Ҷабҳатун Нусра» додаанд.
Толибон барои мубориза бо ДИИШ омодагӣ мегиранд
Душанбе, 13.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Гурўҳи мухолифи давлати Афғонистон Толибон барои мубориза бо ДИИШ дар ин давлат қувваҳои махсус ташкил додаанд. Чунин қувваҳо дар вилоятҳои Кунар ва Нуристон низ таъсис ёфтаанд. Тибқи нақли Би Би Си намояндаҳои Толибон ин хабарро тасдиқ намуда, онро ҳимоят аз ҳамлаҳои ДИИШ ба онҳо таъбир менамоянд.
Тибқи нақли манбаъҳо, Толибон бо ин роҳ мехоҳанд пас аз ҷиноятҳои зиёди содиркардаи худ, ки дар байни аҳолӣ нуфузи худро аз даст додаанд, то ҷое онро барқарор намоянд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






