Азим Иброҳим: «Талаботи асосӣ дар нақби «Истиқлол» пешгирии обҳои зеризаминӣ мебошад»
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — 17 октябри соли ҷорӣ муовини Сарвазир Азим Иброҳим вобаста ба баҳодиҳии сифати корҳои сементкунонии фарш ва пешгирии ҷоришавии об дар дохили нақб, ки аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Собир»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дода шуданд, аз нақби «Истиқлол» дидан намуд.
Баъд аз муоинаи корҳои анҷомёфта ва суҳбати тахассусӣ бо масъулини Вазорати нақлиёт ва ширкати «Собир» муовини Сарвазир зикр намуд, ки дар маҷмӯъ корҳои сохтмону барқарорсозӣ хуб анҷом ёфтаанд, вале баҳогузории сифати корҳои анҷомдода танҳо моҳҳои июн -июли соли 2016, яъне баъди обшавии яхҳо имкон дорад.
Инчунин ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки ба ҷараёни иҷрои корҳои марҳилаи дуюми дохили нақб, ки аз равшангардонӣ ва насб намудани ҳавокашҳои пуриқтидор иборат мебошад, вусъат бахшида шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






